settings icon
share icon
Савол

Ман ҳамчун масеҳӣ чӣ тавр бар гуноҳ ғалаба кунам?

Чавоб


Китоби Муқаддас чанд манбаҳои ёрирасон барои ғалаба кардани гуноҳ ба мо пешниҳод мекунад. Мо то охири умрамон пурра бар гуноҳ ғалаба карда наметавонем (1 Юҳанно 1:8), лекин ғалаба кардани гуноҳ бояд мақсади мо бошад. Бо кӯмаки Худо ва бо итоат ба Каломаш мо бар гуноҳҳои бисёр ғалаба карда, бештару бештар ба Исо монанд мешавем.

Китоби Муқаддас мегӯяд, ки манбаи аввалини ёрирасон барои ғалаба кардани гуноҳ Рӯҳи Муқаддас аст. Худо ба мо Рӯҳи Муқаддасро дод, ки мо дар ҳаёти масеҳиамон ғалаба дошта бошем. Дар Ғалотиён 5:16-25 Худо корҳои табиати гуноҳкорро бо самараи Рӯҳ муқоиса мекунад. Дар ин оятҳо мо даъват шудаем, ки бар тибқи Рӯҳ рафтор кунем. Ҳамаи имондорон аллакай Рӯҳи Муқаддасро доранд, лекин ин оятҳо мегӯянд, ки мо бояд бо роҳнамоии Рӯҳи Худо рафтор кунем. Ин маънои онро дорад, ки на бо иҷро кардани хоҳишҳои табиати гунаҳкориамон, балки аз рӯйи маслиҳати Рӯҳи Муқаддас зиндагӣ кунем.

Он тағйироте, ки Рӯҳи Муқаддас ба вуҷуд оварда метавонад, дар ҳаёти Петрус дида мешавад. Пеш аз он ки бо Рӯҳи Муқаддас пур шавад, вай се маротиба Исоро инкор кард. Ҳол он ки вай ба Исо гуфта буд, ки то мурданаш Исоро пайравӣ мекунад. Баъд аз он, ки бо Рӯҳи Муқаддас пур шуд, Петрус натарсида, кушоду равшан дар иди Пантикост ба яҳудиён дар бораи Исо эълон кард.

Агар мо хоҳем, ки бо роҳнамоии Рӯҳи Худо рафтор кунем, бояд ҳаракат намоем, ки Ӯро хомӯш нагардонем (мувофиқи гуфтаҳои 1 Таслӯникиён 5:19) ва иҷозат диҳем, ки Рӯҳи Худо моро пур кунад (Эфсӯсиён 5:18-21). Чӣ тавр шахс бо Рӯҳи Муқаддас пур мешавад? Пеш аз ҳама Худо интихоб мекунад, ки бо Рӯҳи Худо киро пур кунад. Дар Аҳди Қадим низ ҳамчунин буд. Худо шахсони воқеиро барои иҷро кардани кори хостааш интихоб карда, онҳоро бо Рӯҳи Худ пур мекард (Ҳастӣ 41:38; Хуруҷ 31:3; Ададҳо 24:2; 1 Подшоҳон 10:10). Дар Эфсӯсиён 5:18-21 ва Қӯлассиён 3:16 далелҳо ҳастанд, ки Худо он касонеро интихоб мекунад, ки худро бо Каломи Худо пур кардаанд ва инро мо дар манбаи дуюм дида мебароем.

Каломи Худо, ки Китоби Муқаддас аст, мегӯяд, ки Худо ба мо Каломашро барои он додааст, ки моро барои ҳар амали нек тайёр кунад (2 Тимотиюс 3:16-17). Калом ба мо тарзи дурусти зиндагӣ кардан ва ба чӣ бовар карданро таълим медиҳад. Вақте ки мо роҳи нодурустро интихоб мекунем, Каломи Худо инро ба мо ошкор мекунад ва ёрӣ мерасонад, ки ба роҳи дуруст баргашта, аз он роҳ набароем. Ибриён 4:12 ба мо мегӯяд, ки Каломи Худо зиндаву тавоност ва қодир аст, ки ба дилҳои мо дохил шуда, чуқуртарин гуноҳҳои диламонро решакан ва бартараф кунад. Дар Забур 118, муаллиф қудрати бузурги Каломро тасвир мекунад, ки аз дохил одамро тағйир медиҳад. Дар китоби Еҳушаъ гуфта шудааст, ки роҳи бомуваффақиятона ғалаба кардани душман ин Каломи Худоро фаромӯш накарда, дар борааш шабу рӯз мулоҳиза кардану ба он итоат намудан аст. Еҳушаъ ҳамаи гуфтаҳои Худоро иҷро мекард. Ӯ ҳатто ба он фармонҳои Худо итоат мекард, ки аз ҷиҳати низомӣ ба назар ғалатӣ менамуданд. Еҳушаъ ба воситаи итоаткориаш дар ҷангҳо ғалаба ба даст оварда, замини Худо ваъда кардаашро гирифта метавонист.

Манбаи дигар Китоби Муқаддас аст, ки аксар вақт мо ба он сабукфикрона муносибат мекунем. Мо ба он аҳамияти калон намедиҳем. Масалан мо Китоби Муқаддасро фақат дар вақти хизматгузорӣ дар калисо мехонем ё рӯзе як маротиба дуо гуфта як бобашро мехонем. Лекин камбудии мо дар он аст, ки мо Каломро аз ёд карда, дар борааш мулоҳиза намекунем ва гуфтаҳои онро дар ҳаётамон татбиқ намекунем. Китоби Муқаддас гуноҳҳои моро фош мекунад, лекин мо ба он иқрор намешавем ё барои фош шудани гуноҳамон Худоро шукр намекунем. Вақте ки гап сари Китоби Муқаддас меравад аксар вақт мо ба монанди касоне рафтор мекунем, ки гирифтори касалиҳои анорексия ё булимия ҳастанд, ки онҳо хӯрок хӯрдан намехоҳанд ё меъёри хӯрданашонро назорат карда наметавонанд. Мо аз каломи Худо ё фақат ба қадри кофӣ, ки рӯҳамон намурад гуфта, мехонем (вале каломи Худоро ба қадри зарурӣ ба дохилӣ худ намегирем, ки ҳаёти масеҳиямон солиму боравнақ бошад) ё аз каломи Худо бисёр мехонему дар борааш ба қадри кофӣ мулоҳиза намекунем ва ин монанди хӯроки ҳазм нашуда мебошад, ки ба рӯҳамон фоида намебахшад.

Агар шумо ҳанӯз одати ҳар рӯз омӯхтану аз ёд кардани каломи Худоро надошта бошед, муҳим аст, ки ин корро сар кунед. Баъзеҳо барои омӯзиши каломи Худо дафтар ташкил мекунанд ва онро хеле фоиданок меҳисобанд. Худро одат кунонед, ки агар дар вақти омӯзиш чизе ба шумо кушода шавад, онро ба дафтаратон нависед. Баъзеҳо дуоҳои ба Худо гуфтаашонро менависанд. Яъне онҳо менависанд, ки аз Худо дар кадом соҳа мадад талаб карданд. Рӯҳи Худо Китоби Муқаддасро ҳамчун асбоб дар ҳаёти мо истифода мебарад (Эфсӯсиён 6:17). Каломи Худо қисми муҳим ва асосии аслиҳаест, ки Худо ба мо барои ҷанги рӯҳонӣ бурдан додааст (Эфсӯсиён 6:12-18).

Сеюм манбаи муҳим дар ҷанги мо бар зидди гуноҳ ин дуо аст. Ин манбаро низ масеҳиён зуд-зуд ба забон мегиранду ба қадри кофӣ истифода намебаранд. Мо бисёр вақт ба дуо ҷамъ мешавем, барои дуо вақт ҷудо мекунем ва маҷлисҳои дуохонӣ мегузаронем, лекин мо дуоро ҳамон тавре ки калисои аввал истифода мебурд, истифода намебарем (Аъмол 3:1; 4:31; 6:4; 13:1-3). Павлус борҳои зиёд такрор карда мегуфт, ки ба онҳое, ки ӯ хизмат мекунад, барояшон дуо мехонад. Худо дар бораи дуо ба мо ваъдаҳои олиҷаноб додааст (Матто 7:7-11; Луқо 18:1-8; Юҳанно 6:23-27; 1 Юҳанно 5:14-15). Павлус дуоро дар порчаи тайёрӣ ба ҷанги рӯҳонӣ ба рӯйихат даровардааст (Эфсӯсиён 6:18).

Дуо барои ғалаба кардани гуноҳ дар ҳаётамон то чӣ андоза муҳим аст? Пеш аз он ки Петрус Исоро рад кунад, дар боғи Ҷатсамонӣ Масеҳ ба вай сухан гуфта буд. Ҳангоми дуо кардани Исо хоби Петрус бурда буд. Исо вайро бедор карда, гуфт: “Ҳоло бедор бошеду дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳатон ба ин тайёр аст, аммо табиати инсониатон нотавон” (Мат 26:41). Мо, ба монанди Петрус, мехоҳем, ки дуруст рафтор кунем, вале қувват надорем. Мо бояд ҳамеша Худоро ҷӯем, дарро кӯбем, талабем ва Ӯ ба мо қуввати даркориро мебахшад (Матто 7:7). Дуо ин гапҳои сеҳрнок нест. Дуо ин аст, ки мо ба маҳдудиятҳои худ иқрор мешавем ва пурқудратии Худоро шинохта, қуввати ба мо медодаашро барои иҷрои на хоҳишҳои мо, балки хости Ӯ қабул мекунем (1 Юҳанно 5: 14-15).

Манбаи чорум дар ҷанги мо бар зидди гуноҳ ин калисо мебошад. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд имондорони дигар якҷо бошем. Исо шогирдонашро ба вазифа онҳоро дукаса мефиристод (Матто 10:1). Дар Аъмол миссионерҳо ба ҳеҷ ҷо як касӣ намерафтанд, бо гурӯҳҳо, ду ё зиёд кас шуда, мерафтанд. Исо амр мекунад, ки мо ҷамъомади худро тарк накунем, балки якдигарро дар муҳаббат ва бо корҳои нек рӯҳбаланд кунем (Ибриён 10:24). Ӯ ба мо мегӯяд, ки ба гуноҳҳоямон дар назди якдигар иқрор шавем (Яъқуб 5:16). Дар Аҳди Қадим, зарбулмасале ҳаст, ки оҳан оҳанро тез мекунаду одам одамро (Масалҳо 27:17). Вақте ки зиёд нафар ҳастем, мо қувват дорем (Воиз 4:11-12).

Бисёр масеҳиён диданд, ки дар вақти мубориза бурдан бар зидди гуноҳҳои такрор ба такроршаванда барояшон ёрии калон мешавад, ки дар наздашон як нафаре бошаду ба вай ҳисобот диҳанд. Арзиши хеле бузург дорад, ки касе дар наздатон бошаду бо шумо гап занад, дуо хонад, рӯҳбаланд кунад ва ҳатто кори гуноҳатонро фош кунад. Васвасаҳо ба ҳар яки мо омада метавонад (1 Қӯринтиён 10:13), бинобар ин барои ғалаба кардани гуноҳҳои такрору ба такрор мекардаамон ба шарик ва ё гурӯҳи бомасъул даркор, то ки моро рӯҳбаланд кунад ва ёрӣ расонад.

Баъзан гуноҳро зуд ғалаба карда намешавад. Ҳолатҳое ҳаст, ки мо оҳиста-оҳиста ғалаба мекунем. Худо ваъда медиҳад, ки агар мо манбаҳои Ӯро истифода барем, Ӯ албатта, ба ҳаёти мо тағйиротҳо меорад. Мо бояд барои бартараф намудани гуноҳ кӯшиш ба харҷ барем, зеро медонем, ки Худо ба ваъдаҳои Худ вафодор аст.

English



ба сахифаи точики баргардед

Ман ҳамчун масеҳӣ чӣ тавр бар гуноҳ ғалаба кунам?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries