settings icon
share icon
Савол

Оё пас аз марг ҳаёт вуҷуд дорад?

Чавоб


Оё пас аз марг ҳаёт вуҷуд дорад? Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд: “Одамизод, ки аз зан зоида мешавад, рӯзҳояш кам ва азобаш бисёр аст. Мисли гул месабзад ва пажмурда мешавад ва мисли соя мегурезад ва боқӣ намемонад .... Агар мард бимирад, оё боз зиндагӣ хоҳад кард?” (Айюб 14:1-2, 14)

Қариб ҳама мисли Айюб ба худ ҳамин саволро медиҳанд. Пас аз марг бо мо чӣ рӯй медиҳад? Оё мо ҳамту аз байн меравем? Оё ҳаёт ин дарвозаи силсилаи омаду рафт ба замин то ба дараҷаи олӣ расидани шахсияти инсон аст? Оё ҳар инсон ба як ҷой меравад ё ба ҷойҳои гуногун? Оё осмон (биҳишт) ва дӯзах ҳақиқатан вуҷуд доранд ё ин танҳо маҳсули хаёли инсон аст?

Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки пас аз марг ҳаёт вуҷуд дорад ва он ҳаёти абадии пур аз ҷалоли Худо аст: “Он чиро, ки чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дӯстдорони Худ муҳайё кардааст” (1 Қӯринтиён 2:9). Исои Масеҳ Худо аст, ки ба Худ ҷисм гирифта, ба замин омад, то ки ба мо ин тӯҳфаи ҳаёти абадиро бахшад. “Лекин ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ ва аз ҷиноятҳои мо афсурдахотир шудааст; сазои осоиштагии мо бар Ӯст ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем” (Ишаъё 53:5).

Исо ҷазоеро, ки ҳар яки мо сазовор будем, ба Худ гирифта, ҳаёташро қурбон кард. Баъд аз се рӯзи маргаш Ӯ зинда шуда, исбот кард, ки Ӯ ҳам дар ҷисм ва ҳам дар рӯҳ маргро ғалаба кард. Исо пеш аз ба осмон, ба хонаи абадӣ рафтанаш чил рӯз дар рӯйи замин буд ва ҳазорон нафар Ӯро бо чашмони худ дида буданд. Дар Румиён 4:25 гуфта шудааст: “Ӯ ба сабаби гуноҳҳои мо таслим карда шуд ва аз барои сафед кардани мо зинда шуд”.

Ҳодисаи аз нав зинда шудани Масеҳ бо ҳуҷҷатҳо асоснок шудааст. Ҳавворӣ Павлус мардумро даъват мекард, ки аз шоҳидони зиёд ҳақиқат будани ин ҳодисаро пурсуҷӯ кунанд ва ҳеҷ кас ин ҳақиқатро рад карда натавонист. Аз нав зинда шудани Масеҳ барои имони масеҳиён ҳамчун санги асосӣ дар иморат аст. Азбаски Масеҳ мурда, аз нав зинда шуд, мо низ бовар мекунем, ки баъд аз мурданамон зинда мешавем.

Павлус ба баъзе масеҳиёни нав, ки ба ин бовар намекарданд, бо насиҳат мегуфт: “Лекин агар дар бораи Масеҳ мавъиза карда мешавад, ки Ӯ аз мурдагон зинда шуд, пас чӣ тавр баъзе аз шумо мегӯянд, ки аз мурдагон зиндашавӣ нест? Агар аз мурдагон зиндашавӣ набошад, он гоҳ, Масеҳ низ зинда нашудааст” (1 Қӯринтиён 15:12-13).

Масеҳ аввал нафарест, ки мурда аз нав зинда шуд ва акнун бисёр касон баъд аз мурдан боз ба ҳаёти абадӣ зинда хоҳанд шуд. Марги ҷисмонӣ ба воситаи як шахс Одам омад ва мо ҳама бо ӯ пайваст ҳастем. Лекин ба ҳамаи онҳое, ки ба воситаи имон ба Исои Масеҳ ба оилаи Худо қабул шудаанд, ҳаёти нав дода мешавад (1 Қӯринтиён 15:20-22). Чуноне ки Худо ҷисми Исоро зинда кард, ҳамин тавр дар вақти баргаштани Исо ҷисмҳои мурдаи мо низ зинда хоҳанд шуд (1 Қӯринтиён 6:14).

Гарчанде ҳамаи мо дар рӯзи қиёмат зинда шавем ҳам, лекин ҳама ба осмон (ҳузури Худо. Шарҳи тарҷумон) намеравем. Ҳар шахс аллакай дар ин дунё ҷойи мерафтаашро интихоб мекунад, ки то абад дар куҷо сокин мешавад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ҳама як бор мемирад ва баъд назди тахти доварӣ меояд (Ибриён 9:27). Онҳое, ки гуноҳашонро Исо пок кард, то абад ба осмон мераванд, вале беимонон ба азоби абадии дӯзах партофта мешаванд (Матто 25:46).

Чуноне ки осмон вуҷуд дорад, дӯзах низ вуҷуд дорад ва як ҷойи воқеӣ аст. Дар он ҷо шахсони аз Худо рӯй гардонда то абад гирифтори ғазаби Худо мешаванд. Онҳо ба азоби эҳсосӣ, рӯҳию ҷисмонӣ, ҳиссиёти дарду алам, пушаймонӣ, нафрат ва ранҷ гирифтор мешаванд.

Дӯзах ҳамчун як чуқурии беохир (Луқ 8:31; Ваҳй 9:1) ва кӯли оташин тасвир шудааст, ки бошандагони он то абад дар азоб мемонанд (Ваҳӣ 20:10). Дар дӯзах гирья ва ғиҷирроси дандон мешавад, ки нишонаи андӯҳу қаҳри шадид аст (Матто 13:42). Дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намешавад (Марқӯс 9:48). Худо намехоҳад, ки касе ба дӯзах равад. Ӯ мехоҳад, ки ҳама аз роҳҳои бадашон рӯй гардонда, то абад зинда бошанд (Ҳизқиёл 33:11). Лекин Худо бо зӯрӣ моро ба Худ итоат намекунонад. Агар мо аз Ӯ рӯй гардондан хоҳем, хоҳишамонро иҷро мекунад, яъне мо то абад аз Вай ҷудо зиндагӣ мекунем.

Ҳаёт дар рӯйи замин ин як санҷиш ва тайёрӣ ба оянда аст. Барои имондорон ин ҳаёти абадӣ дар ҳузури Худо аст. Пас, чӣ тавр мо беайб шуда, соҳиби ин ҳаёти абадӣ гашта метавонем? Танҳо як роҳ вуҷуд дорад ва ин роҳ ба воситаи имон ва таваккал ба Писари Худо, Исои Масеҳ кардан аст. Исо гуфтааст: “Ман каси зиндакунанда ва ҳаётбахш ҳастам. Касе ки ба Ман имон дорад, бимирад ҳам, аз нав зинда мешавад. Инчунин, ҳар касе ки дар Ман зиндагӣ мекунад ва ба Ман имон меоварад, ҳаргиз намемирад...” (Юҳанно 11:25-26).

Ҳаёти абадӣ ҳамчун тӯҳфа ба ҳама дастрас аст, вале барои онро ба даст овардан лозим аст, ки мо аз ҳавасҳои ин дунё дур шавем ва худро ба Худо пурра бахшем. “Ҳар кӣ ба Писар имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мешавад, аммо ҳар кӣ ба Писар итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ ҳаёт нахоҳад дид ва гирифтори ғазаби Худо мегардад” (Юҳанно 3:36). Баъд аз марг мо ҳатман бо Худо рӯ ба рӯ мешавем ва албатта ба Вай бовар мекунем, лекин имконияти тавба кардан он вақт аллакай дода намешавад. Худо мехоҳад, ки мо бо имон ва муҳаббат ба Ӯ наздик шавем. Агар мо марги Исои Масеҳро ҳамчун пардохт барои гуноҳамон қабул кунем, бароямон на танҳо ҳаёти пурмазмун дар замин, балки ҳаёти абадӣ дар ҳузури Масеҳ кафолат дода шудааст.

Агар шумо Исоро ҳамчун Наҷотдиҳандаатон қабул кардан хоҳед, дар ин ҷо як дуои намуна аст. Дар хотир доред, ки ин дуо ё ягон дуои дигар шуморо наҷот намедиҳад. Дуо танҳо нишон медиҳад, ки шумо боварӣ доред, ки Масеҳ шуморо аз гуноҳ наҷот медиҳад. Дуои зерин танҳо як роҳи ба Худо ифода кардани боварӣ ва миннатдории худ ба хотири наҷотатон аст. “Эй Худо, ман медонам, ки гунаҳкор ва сазовори ҷазо ҳастам. Аммо Исои Масеҳ ҷазои маро гирифт ва акнун ба воситаи боварӣ ба Ӯ гуноҳҳои ман бахшида шудаанд. Ман ба Ту таваккал мекунам, ки маро пурра наҷот медиҳӣ. Барои файзи аҷоибат, бахшидани гуноҳҳоям, ҳаёти абадӣ тӯҳфа карданат миннатдор ҳастам! Омин!”

Оё Шумо нисбат ба Исо пас аз хондани маълумоти дар ин чо овардашуда карор кардед? Агар хамин тавр бошад, хохиш мекунем тугмачаи "Ман Исоро имруз кабул кардам"-ро пахш кунед.

English



ба сахифаи точики баргардед

Оё пас аз марг ҳаёт вуҷуд дорад?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries