Китоби Муқаддас оид ба татуировка ва пирсинги бадан чӣ мегӯяд?



Савол: Китоби Муқаддас оид ба татуировка ва пирсинги бадан чӣ мегӯяд?

Чавоб:
Дар шариати Аҳди Қадим ба исроилиён гуфта шуда буд: “Бадани худро барои мурда нахарошед ва ҳеҷ нақше бар худ татуировка накунед. Ман Худованд ҳастам” (Ибодат 19:28). Гарчанде имондорони имрӯза таҳти таъсири шариати Аҳди Қадим набошанд ҳам (Румиён 10:4; Ғалотиён 3:23-25; Эфсӯсиён 2:15), мо бояд дар бораи ин амри Худо, ки зидди татуировка аст, андеша кунем. Дар Аҳди Нав дар бораи мумкин ё номумкин набудани татуировка ба имондорон чизе гуфта нашудааст.

Дар 1 Петрус 3:3-4 ба мо чунин амр дода шудааст: “Бигзор зебоии шумо на дар ороиши зоҳирӣ: гесӯ бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пӯшидан бошад. Балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост”. Албатта, ин порча ба занони масеҳӣ гуфта шудааст, вале ин принсип нишон медиҳад, ки фикру ҳуши мо набояд ба чизҳои зоҳирӣ банд бошанд. Занон бисёр кӯшиш мекунанд, ки мӯйҳояшонро ороиш диҳанд, либоси зебо пӯшанд ва ҷавоҳирот андозанд, лекин ҳусни ҳақиқӣ дар ин нест. Ҳамин тавр нисбати татуировка ва пирсинг гуфтан мумкин аст, ки онҳо чизҳои зоҳирӣ ҳастанд. Мо бояд вақти зиёдамонро бештар на ба ҷисмамон, балки барои зеботар гардондани одами ботиниамон сарф кунем.

Шумо метавонед ба худ дар бораи татуировка ва пирсинг савол дода, санҷед, ки оё инҳо ҳақиқатан ба Худо ҷалол меоваранд ва барои мақсадҳои Вай хизмат мекунанд ё не. “Хулас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред” (1 Қӯринтиён 10:31). Дар Аҳди Нав ягон амри махсус зидди татуировка ва пирсинг нест, аммо ягон далел ҳам нест, ки мо дилпурона гуфта тавонем, ки Худо ба мо иҷозати татуировка ва пирсинг карданро додааст.

Вақте ки дар бораи ягон масъала дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта нашудааст, барои ҳалли он муамо як принсипи муҳим вуҷуд дорад. Агар дар диламон моро аниқ надонем, ки ин кор ба Худо маъқул мешуда бошад ё не, он гоҳ накардани он беҳтар аст. Румиён 14:23 ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳар чизе, ки аз рӯйи имон нест, гуноҳ аст. Мо бояд дар хотир дорем, ки ҷисм ва ҷонҳои мо бо нархи гарон харида шудааст ва мо аз они Худо ҳастем. 1 Қӯринтиён 6:19-20 рӯирост дар бораи татуировка ё пирсинг намегӯяд, лекин як принсипро дида метавонем: “Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рӯҳулқудс аст, ки Вай дар шумо сокин аст ва Ӯро шумо аз Худо ёфтаед ва шумо аз они худатон нестед? Зеро ки шумо бо нархи гарон харида шудаед. Пас дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳои худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд”. Ин ҳақиқати бузург бояд моро бедор кунад ва ба андеша водор созад, ки мо бо баданҳои худ чӣ хел муомила кунем. Агар бадани мо аз они Худо бошад, пеш аз татуировка ё пирсинг карда, “оро додани баданҳоямон”, мо бояд “иҷозати” аниқ аз Ӯ дошта бошем.



ба сахифаи точики баргардед



Китоби Муқаддас оид ба татуировка ва пирсинги бадан чӣ мегӯяд?