Назари масеҳӣ ба худкушӣ чӣ гуна аст? Китоби Муқаддас дар бораи худкушӣ чӣ мегӯяд?



Савол: Назари масеҳӣ ба худкушӣ чӣ гуна аст? Китоби Муқаддас дар бораи худкушӣ чӣ мегӯяд?

Чавоб:
Дар Китоби Муқаддас дар бораи шаш нафар мушаххас гуфта шудааст, ки худкушӣ кардаанд: Абималик (Доварон 9:54), Шоул (1 Подшоҳон 31:4), яроқбардори Шоул (1 Подшоҳон 31:4-6), Аҳитӯфал (2 Подшоҳон 17:23), Зимрӣ (1 Подшоҳон 16:18) ва Яҳудо (Матто 27:5). Панҷ нафари онҳо золим ва одамони гунаҳкор буданд (дар бораи хислати яроқбардори Шоул чизе гуфта нашудааст, ки ӯро баҳо диҳем). Баъзеҳо Шимшӯнро низ мегӯянд, ки худкушӣ кардааст (Доварон 16:26-31), вале мақсади Шимшӯн на худкушӣ, балки куштани фалиштиён буд. Аз нуқтаи назари Китоби Муқаддас худкушӣ ин баробари куштор аст, яъне худро куштан. Танҳо Худо ҳақ дорад, ки кай ва чӣ тавр мурдани одамро муайян кунад.

Мувофиқи Китоби Муқаддас, худкушӣ муайянкунандаи ба осмон рафтан ё нарафтани инсон нест. Агар шахси беимон худкушӣ кунад, ӯ фақат роҳӣ ба дӯзах рафтанашро кӯтоҳ мекунад. Вале шахси худкушӣ карда, на аз барои худкушӣ карданаш, балки аз сабаби рад кардани роҳи наҷот, яъне Масеҳ ба дӯзах мерад. Китоби Муқаддас дар бораи масеҳии худкушӣ карда чӣ мегӯяд? Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки аз лаҳзае, ки шахс ба Масеҳ ҳақиқат имон меоварад, кафолати ҳаёти абадӣ дорад (Юҳанно 3:16). Мувофиқи Китоби Муқаддас, масеҳиён бояд донанд, ки онҳо бе ягон шакку шубҳа ҳаёти абадӣ доранд (1 Юҳанно 5:13). Ҳеҷ чиз масеҳиро аз муҳаббати Худо ҷудо карда наметавонад (Румиён 8:38-39). Агар “ҳеҷ ягон махлуқи офарида шуда” масеҳиро аз муҳаббати Худо ҷудо карда натавонад, пас худи масеҳие, ки худкушӣ кардааст, низ худро аз муҳаббати Худо ҷудо карда наметавонад, чунки вай ҳам махлуқи офаридашуда аст. Исо барои ҳамаи гуноҳҳои мо мурд ва агар масеҳии ҳақиқӣ дар вақти ҳамлаи рӯҳонӣ ва нотавон буданаш худкушӣ карда бошад, ин гуноҳаш бо хуни Масеҳ шуста мешавад.

Худкушӣ ин гуноҳи ҷиддӣ аст. Мувофиқи Китоби Муқаддас, худкушӣ ин одамкушӣ аст. Пас он ҳамеша нодуруст аст. Агар масеҳӣ худкушӣ карда бошад, он гоҳ шубҳаҳои ҷиддӣ пайдо мешавад, ки оё имони масеҳӣ самимӣ буд ё не. Чунки ягон шароите нест, ки барои шахс, хусусан масеҳӣ, сабаби худкушӣ кардан шавад. Масеҳиён даъват шудаанд, ки барои Худо зиндагӣ кунанд ва вақти мурданашонро танҳо Худо муайян мекунад. Дар 1 Қӯринтиён 3:15 албатта дар бораи худи худкушӣ гуфта нашудааст, лекин шояд фаҳмонад, ки бо масеҳии худкушӣ карда чӣ рӯй медиҳад: “Ӯ худаш наҷот хоҳад ёфт, аммо тавре ки гӯё аз даруни оташ гузашта бошад”.



ба сахифаи точики баргардед



Назари масеҳӣ ба худкушӣ чӣ гуна аст? Китоби Муқаддас дар бораи худкушӣ чӣ мегӯяд?