Бахшоиши забонҳо чист?



Савол: Бахшоиши забонҳо чист?

Чавоб:
Дар рӯзи Пантикост (иди ҳосили аввал аст, ки ҷашни он баъд аз панҷоҳ рӯзи зиндашавии Исо расида буд. Шарҳи тарҷумон) дар Аъмол 2:1-4 дафъаи аввалини бо бахшоиши забонҳо сухан гуфтан дида шуда буд. Шогирдони Исо ба мардум хушхабарро бо забонҳои онҳо эълон мекарданд: “Мо суханони онҳоро дар бораи корҳои бузурги Худо ба забонҳои худ мешунавем” (Аъмол 2:11). Тарҷумаи калимаи юнонии “забонҳо”, дақиқ маънои “забонҳо”-ро дорад. Аз ин рӯ, бахшоиши забонҳо ин бахшоишест, ки ба шахс дода мешавад ва вай бо забони наомӯхтааш сухан гуфта, ба шахси дигар хизмат мекунад. Дар 1 Қӯринтиён бобҳои 12-14, Павлус дар бораи бахшоишҳои рӯҳонӣ чунин мегӯяд: “Акнун, эй бародарон, агар назди шумо биёям ва ба забонҳо сухан ронам, чӣ нафъе ба шумо мерасонам, магар ин ки бо ваҳӣе, ё донише, ё нубуввате, ё таълиме ба шумо сухан ронам?” (1 Қӯринтиён 14:6) Аз рӯйи гуфтаҳои ҳавворӣ Павлус ва мувофиқи оятҳои Аъмол оиди забонҳо, бахшоиши забонҳо ба шунавандагони каломи Худо арзиш дорад, то ки онҳо дар забони худ каломро шунаванд, вале бе тарҷумаю бе маънидод ин забонҳо ба ҳеҷ кас фоида намебахшанд.

Шахсе, ки бахшоиши маънидод кардани забонҳоро дорад (1 Қӯринтиён 12:30), забонҳоро надониста, суханони бо он забонҳо гуфташударо маънидод карда метавонад. Вақте ки касе бо забонҳо сухан мекунад, он гоҳ шахси бахшоиши маънидоди забонҳоро дошта, он суханонро бо забони ба ҳама фаҳмо маънидод карда медиҳад, то ки ҳама маънои онро фаҳманд. “Бинобар ин касе, ки ба забоне сухан меронад, бигзор дуо гӯяд, то ки бахшоиши маънидоди он забон ҳам бошад” (1 Қӯринтиён 14:13). Хулосаи Павлус оид ба забонҳое, ки маънидод намешаванд, хеле пурқувват аст: “Лекин дар калисо гуфтани панҷ калимаро бо ақли худ, то ки дигаронро насиҳат кунам, афзал медонам аз он ки як олам калимаро ба забоне бигӯям” (1 Қӯринтиён 14:19).

Оё бахшоиши забонҳо дар замони ҳозира низ амал мекунанд? 1 Қӯринтиён 13:8 мегӯяд, ки бахшоиши забонҳо тамом мешаванд, вале дар 1 Қӯринтиён 13:10 замони тамом шудани онро Павлус бо расидани “комилӣ” мепайвандад. Гуфта шудааст, ки пешгӯйӣ ва дониш “хотима мешавад» ва забонҳо “хотима хоҳад шуд”, баъзеҳо ба фарқияти замони феълии ин калимаҳои юнонӣ ишора мекунанд. Яъне онро ҳамчун далели он меоваранд, ки забонҳо то омадани “комилӣ” қатъ мешаванд. Дар ҳоле, ки ин далел аз матн аниқ маълум нест. Баъзеҳо бошанд, ба оятҳои мисли Ишаъё 28:11 ва Юил 2:28-29 ишора карда, мегӯянд, ки забонҳо ин аломати омадани доварии Худо буд. 1 Қӯринтиён 14:22 забонҳоро ҳамчун як аломат барои беимонон мефаҳмонад. Аз рӯйи ин далел, бахшоиши забонҳо ин як огоҳӣ ба яҳудиён буд, ки Худо Исроилро доварӣ мекард, чунки онҳо Исои Масеҳро, ки Масеҳи ваъдашуда буд, рад карданд. Аз ин рӯ, вақте ки Худо Исроилро дар соли 70-уми баъд аз мелод доварӣ кард (харобшавии Ерусалим аз тарафи Румиён), вазифаи бахшоиши забонҳо ба охир расид. Шояд ин ақида лоиқи қабул аст, лекин шарт нест, ки бо анҷом ёфтани мақсади асосии забонҳо ин бахшоиш тамоман қатъ гардад. Дар Навиштаҷот ба таври муайян гуфта нашудааст, ки бахшоиши забонҳо қатъ гардидааст.

Дар айни замон, агар бахшоиши забонҳо имрӯз дар калисо фаъол мебуд, он бояд мувофиқи Навиштаҷот амал мекард. Яъне ин бояд забони воқеӣ ва фаҳмо мебуд (1 Қӯринтиён 14:10). Он бо мақсади баёни Каломи Худо ба шахси дигар забон истифода бурда мешуд (Аъмол 2:6-12). Он ба фармони Худо, ки ба воситаи ҳавворӣ Павлус гуфта шуда буд, мувофиқат мекард: “Агар касе ба забоне сухан меронда бошад, ду нафар, ё бисёраш се нафар, он ҳам ҷудо-ҷудо, сухан ронед ва касе маънидод кунад. Агар маънидодкунанда набошад, бигзор соҳиби сухан дар калисо хомӯш бошад, ё ба худаш ва ба Худо сухан гӯяд” (1 Қӯринтиён 14:27-28). Бахшоиши забон ҳамчунин бояд мутобиқи 1 Қӯринтиён 14:33 бошад: “Чунки Худо Худои ҳарҷумарҷ нест, балки Худои осоиштагист. Дар ҳамаи калисоҳои муқаддасон ҳамин тавр аст”.

Худо бешубҳа бахшоиши забонҳоро ба шахс медиҳад, то ки вай имконияти ба шахси дигар забон сӯҳбат карданро дошта бошад. Рӯҳи Муқаддас соҳибихтиёр аст ва ба кӣ хоҳад бахшоишҳои рӯҳониро медиҳад (1 Қӯринтиён 12:11). Танҳо тасаввур кунед, ки кори миссионерон чӣ қадар пурмаҳсул мешуд, агар ба онҳо забон ёд гирифтан лозим намебуду якбора ба мардум бо забони онҳо сухан гуфта метавонистанд. Бо вуҷуди ин, ба назар менамояд, ки ин бахшоиш фаъол нест. Сарфи назар аз он, ки бахшоиши забонҳо хеле фоиданок аст, имрӯзҳо мо зоҳиршавии онро ба монанди замони Аҳди Нав намебинем. Қисми зиёди имондорон мегӯянд, ки бахшоиши забонҳо дар ҳаёти онҳо амал мекунанд, лекин он бо Навиштаҳои дар боло зикршуда мувофиқат намекунанд. Ин далелҳо ба чунин хулоса меорад, ки бахшоиши забонҳо ё қатъ шудааст ё Худо онро хеле кам дар калисоҳои имрӯз истифода мебарад.



ба сахифаи точики баргардед



Бахшоиши забонҳо чист?