settings icon
share icon
Савол

Дуои гунаҳкор чӣ хел аст?

Чавоб


Дуои гунаҳкор ин дуоест, ки шахс гуноҳкор будану ба Наҷотдиҳанда эҳтиёҷ доштанашро фаҳмида, ба Худо ҳаминро баён мекунад. Албатта, худи гуфтани дуо ҳеҷ натиҷа намебахшад. Дуо ҳамон вақт самара меорад, ки шахс ҳақиқатан гунаҳкор будану ба наҷот эҳтиёҷ доштанашро фаҳмида, ба он иқрор мешавад.

Қадами аввали дуои гунаҳкор ин дарки он аст, ки ҳамаи мо гунаҳкорем. Румиён 3:10 мегӯяд: “Чунон ки навишта шудааст: ‘Касе одил нест, ян нафар ҳам нест’”. Дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта шудааст, ки мо ҳама гуноҳ кардаем. Мо ҳама гунаҳкор ва мӯҳтоҷи марҳамат ва бахшиши Худо ҳастем (Титус 3:5-7). Аз сабаби гуноҳамон мо сазовори ҷазои абадӣ ҳастем (Матто 25:46). Дуои гунаҳкор ин илтиҷо ба Худост, ки раҳму шафқат нишон диҳад ва на ин ки адолатро нисбати вай барпо намояд. Ин дуои дархост аст, ки ба ҷои ғазаб кардан Худо ба вай раҳм кунад.

Қадами дуюми ин дуо донистани он аст, ки Худо барои аз байн бурдани ҳолати гунаҳкорамон чӣ кор кард. Худо ба Худ ҷисм гирифта, дар шахсияти Исои Масеҳ инсон шуду ба замин омад (Юҳанно 1:1, 14). Исо ҳақиқатро дар бораи Худо ба мо таълим дода, зиндагии комил ва беайбу бегуноҳро ба сар бурд (Юҳанно 8:46; 2 Қӯринтиён 5:21). Пас Исо дар салиб ба ҷои мо мурд ва он ҷазое, ки мо сазовораш будем, Ӯ ба худ гирифт (Румиён 5:8). Исо аз марг бархест ва исбот кард, ки Вай гуноҳ, марг ва дӯзахро ғалаба кард (Қӯлассиён 2:15; 1 Қӯринтиён боби 15). Бинобар ин гуноҳҳои мо бахшида шуданд ва ваъдаи ҳаёти абадӣ ба мо тааллуқ дорад, ба шарте ки мо дар ҳақиқат ба Исои Масеҳ бовар кунем. Мо бояд танҳо бовар кунем, ки Исо ба ҷои мо мурд ва аз нав зинда шуд (Румиён 10:9-10). Мо танҳо ба воситаи файз ва имон ба Исои Масеҳ наҷот меёбем. Эфсӯсиён 2:8 мегӯяд: “Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед ва ин на аз шумост, балки атои Худост”.

Дуои гуноҳкор ин як воситаи ба Худо гуфтани он аст, ки ба Исо ҳамчун Наҷотдиҳандаи худ боварӣ доред. Дуо ягон гапҳои сеҳрноки суфу пуф нестанд, ки бо таъсираш наҷот меёфта бошед. Фақат ба воситаи боварӣ ба маргу зиндавашии Исо мо наҷот меёбем. Агар шумо гунаҳкор буданатонро дарк кунед ва мӯҳтоҷи наҷот бошед, ана ин дуои гуноҳкорро шумо ба Худо гуфта метавонед: “Худо, ман медонам, ки гунаҳкор ҳастам ва сазовори ҷазои гуноҳам ҳастам. Вале ба ҳар ҳол, ман ба Исои Масеҳ ҳамчун Наҷотдиҳандаи худ бовар мекунам. Ман бовар мекунам, ки дар асоси марг ва зиндашавиаш Ӯ гуноҳҳои маро бахшид. Ман танҳо ба Исо ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳандаам бовар мекунам. Худованд, барои наҷот ва бахшидани гуноҳҳоям ба Ту раҳмат мегӯям! Омин!”

Оё Шумо нисбат ба Исо пас аз хондани маълумоти дар ин чо овардашуда карор кардед? Агар хамин тавр бошад, хохиш мекунем тугмачаи "Ман Исоро имруз кабул кардам"-ро пахш кунед.

English



ба сахифаи точики баргардед

Дуои гунаҳкор чӣ хел аст?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries