settings icon
share icon
Савол

Кадом дин барои ман дуруст аст?

Чавоб


Дар ресторанҳои давлатҳои пешрафта ба клиенҳо чӣ хеле ки хӯрок фармоянд, ҳамон тавр тайёр карда меоранд ва бо ҳамин роҳ онҳоро ба ресторанҳои худ ҷалб мекунанд. Баъзе қаҳвахонаҳо бо зиёда аз садҳо намуди қаҳва ва маззаҳои гуногуни қаҳва доштанашон фахр мекунанд. Ҳатто вақте ки мо (дар ин ҷо ҳолати давлатҳои пешрафта дар назар дошта шудааст. иловаи тарҷумон) хонаю мошин хариданӣ мешавем, табъи диламонро ёфта метавонем. Мо дигар дар замоне зиндагӣ намекунем, ки фақат он чӣ ёфт мешавад ҳамонро харем. Ҳоло харидор подшоҳ аст! Шумо метавонед ҳама чизи дилхостаатонро аз рӯи табъатон ва талаботатон ёбед.

Биёед гашта сари масъалаи дин меоем, ки кадоми аз он ба шумо дуруст меояд? Дар бораи дине, ки шуморо аз ҳисси айб озод мекунад, аз шумо ҳеҷ чиз талаб намекунад ва бо қоидаҳои чӣ мумкину чӣ номумкин шуморо малол намедиҳад, чӣ фикр мекунед? Ҳамин гуна дин вуҷуд дорад. Аммо наход дин ҳамчун як яхмосе бошад, ки мо онро аз маззааш интихоб кунем?

Мо дар гирду атрофамон овозҳои гуногуни ҷалбкунанда мешунавем. Пас чаро Исо бояд аз шахсони дигаре ба монанди Муҳаммад, Конфусий, Буддо, Чарлз Тейз Рассел ё Баҳаулло ҳастанд, болотар гузошта шавад? Магар саранҷом ҳама роҳҳо пеши Худо намебаранд? Оё мақсади ҳамаи динҳо як нест? Ҳақиқат ин аст, ки ҳамаи динҳо ба осмон (осмон гуфта, муаллиф ҷои ҳузури Худоро дар назар дорад. Шарҳи тарҷумон) намебаранд чуноне ки на ҳамаи роҳҳо моро ба Индиана мебаранд.

Танҳо гапҳои Исо қудрати Худоро доранд, чунки танҳо Исо маргро ғалаба кардааст. Муҳаммад, Конфусий ва ҳамаи дигарон дар қабрҳояшон ҳастанд. Исо бошад, баъд аз он, ки дар рӯйи салиб бераҳмона кушта шуда буд, баъд аз се рӯзи маргаш Худ зинда шуда, аз қабраш баромад. Ҳар касе, ки худ бар марг ғолиб мешавад, албатта лоиқи он аст, ки ба Вай диққат диҳему суханонашро гӯш кунем.

Далелҳои аз ҳад зиёде ҳастанд, ки зиндашавии Исоро исбот мекунанд. Далели аввал ин аст, ки зиёда аз панҷсад нафар одамон бо чашми худ зиндашавии Масеҳро дидаанд! Овози чунин миқдори зиёди шоҳидонро рад карда намешавад. Далели дигар қабри холии Исо аст. Агар душманони Исо ҷасади Ӯро медоштанд, овозаи зиндашудани Исоро бо осонӣ хомӯш мекарданд. Лекин онҳо ҷасади Исоро надоштанд! Исо зинда шуда аз қабр баромад ва қабр холӣ буд! Шояд шогирдон ҷасади Исоро дуздида бошанд? Ғайри имкон аст, чунки сарбозони мусаллаҳ қабрро посбонӣ мекарданд. Агар ба назар гирем, ки пайравони наздиктарини Исо ҳангоми дастгир шудану баъд ба салиб мехкӯб шудани Исо аз тарсу ваҳм гурехтанд, гумон аст, ки ин моҳигирони тарсону ҳаросон шуда, ҷуръат мекарданд, ки бо сарбозони касбӣ даст ба гиребон шаванд. Фақат бо мақсади фиреб додани одамон онҳо ҷони худро қурбон намекарданд. Рости гап ҳамин аст, ки зиндашавии Исо бо ягон роҳи инсонӣ фаҳмонда дода намешавад!

Такрор мекунам, ки ҳар кӣ бар марг дастболо аст, арзандаи он аст, ки ба суханонаш гӯш диҳанд. Исо бо зиндашавиаш исбот кард, ки марг зери дасти Ӯст. Бинобар ин мо бояд ба Ӯ гӯш диҳем. Исо эълон кард, ки Вай роҳи ягона ба наҷот аст (Юҳанно 14:6). Ӯ як роҳе ё яке аз роҳҳо нест. Исо роҳи ягона аст.

Исо мегӯяд: “Ҳамаи шумое, ки аз бори вазнин монда шудаед, ба назди Ман биёед ва Ман ба шумо оромӣ мебахшам” (Матто 11:28). Ин ҷаҳон пур аз дарду машақат ва зиндагӣ пур аз вазнининию мушкилӣ аст. Бисёрии мо хеле захмдору ранҷур ҳастему дигар ҷуръати мубориза бурдан надорем. Магар ҳамин тавр нест? Пас, шумо чӣ мехоҳед? Барқароршавӣ ё дини оддӣ? Наҷотдиҳандаи зинда ё яке аз “пайғомбарон” – и мурдаро? Муносибати маънидод ё расму русуми холиро? Исо яке аз ҳал кунандагони мушкилиҳо нест. Ӯ худ ҳалли ҳама чиз аст!

Агар хоҳед, ки Худо шуморо бахшад, он гоҳ Исо барои шумо “дин” – и дуруст аст (Аъмол 10:43). Агар хоҳед, ки муносибати дуруст бо Худо дошта бошед, он гоҳ Исо барои шумо “дин” - и дуруст аст (Юҳ 10:10). Агар дар ҷустуҷӯи ҳаёти абадӣ дар ҳузури Худо бошед, он гоҳ Исо барои шумо “дин” – и дуруст аст (Юҳанно 3:16). Ба Исои Масеҳ ҳамчун ба Наҷотдиҳандаи худ бовар кунед ва шумо ҳаргиз пушаймон намешавед! Дилпур шавед, ки Исо гуноҳҳои шуморо мебахшад ва ҳаргиз рӯҳафтода намешавед.

Агар бо Худо муносибати дуруст доштан хоҳед, дар ин ҷо як намунаи дуо аст. Дар хотир доред, ки гуфтани ин дуо ва ё ягон дуои дигар шуморо наҷот намедиҳад. Он фақат нишон медиҳад, ки шумо ба Масеҳ боварӣ доред, ки шуморо аз гуноҳ наҷот медиҳад. Дуои зерин танҳо як роҳи ифодаи бовариатон ба Худо ва миннатдориатон барои наҷотатон аст. “Эй Худо, ман медонам, ки гуноҳкор ва сазовори ҷазо ҳастам. Аммо Исо Масеҳ ҷазои маро гирифт ва акнун ба воситаи боварӣ ба Ӯ гуноҳҳои ман бахшида шудаанд. Наҷотёфтани худро ба Ту таваккал мекунад. Барои файзи аҷоибат, бахшидани гуноҳҳоям, ҳаёти абадӣ тӯҳфа доданат аз Ту миннатдор ҳастам! Омин!”

Оё Шумо нисбат ба Исо пас аз хондани маълумоти дар ин чо овардашуда карор кардед? Агар хамин тавр бошад, хохиш мекунем тугмачаи "Ман Исоро имруз кабул кардам"-ро пахш кунед.

English



ба сахифаи точики баргардед

Кадом дин барои ман дуруст аст?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries