Оё ҳайвонот ба осмон мераванд? Оё ҳайвонот ҷон доранд?



Савол: Оё ҳайвонот ба осмон мераванд? Оё ҳайвонот ҷон доранд?

Чавоб:
Дар Китоби Муқаддас ягон таълимоти аниқ дар бораи ҷони ҳайвонот ва ё ба осмон рафтани онҳо нест. Бо вуҷуди ин, принсипҳои умумии Китоби Муқаддасро истифода бурда, ин мавзӯъро дида мебароем. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки “нафаси ҳаёт” ба инсон (Ҳастӣ 2:7) ва ҳам ба ҳайвонот (Ҳастӣ 1:30; 6:17; 7:15, 22) дода шудааст, яъне одам ва ҳайвонот махлуқи зинда ҳастанд. Фарқи асосии байни одаму ҳайвон дар он аст, ки одам дар сурат ва шабоҳати Худо офарида шудаасту (Ҳастӣ 1:26-27) ҳайвонҳо не. Азбаски мо дар сурат ва шабоҳати Худо офарида шудаем, мо бояд донем, ки инсон монанди Худо, рӯҳонӣ, бошуур, боэҳсосот ва дорои ирода аст. Як қисми ҳастии одамизод пас аз марг низ зиндагиашро давом медиҳад. Гарчанде ҳайвонот “ҷон” ва ё ҷанбаи ғайриҷисмӣ дошта бошад ҳам, он аз ҷони инсон фарқ мекунад ё дар зинаи пастар меистад. Ин фарқият эҳтимолан маънои онро медиҳад, ки ҷони ҳайвонот пас аз марг боқӣ намемонад.

Омили дигаре, ки бояд ба назар гирем, дар Ҳастӣ ҳайвонот як қисми офариниши Худо ҳастанд. Худо ҳайвонотро офарид ва гуфт, ки онҳо хуб ҳастанд (Ҳастӣ 1:25). Аз ин рӯ, ягон далеле барои дар замини нав набудани ҳайвонот вуҷуд надорад (Ваҳй 21:1). Дар давоми салтанати ҳазорсолаи Масеҳ бешубҳа ҳайвонот хоҳанд буд (Ишаъё 11:6; 65:25). Лекин мо аниқ гуфта наметавонем, ки онҳо айнан ҳамин ҳайвоноте мешаванд, ки мо ҳоло дар рӯйи замин мебинем ё не. Мо медонем, ки Худо одил аст ва вақте ки ба осмон меравем, мо комилан бо қарори Ӯ оид ба ин масъалаи ҷойи ҳайвонот розӣ мешавем.



ба сахифаи точики баргардед



Оё ҳайвонот ба осмон мераванд? Оё ҳайвонот ҷон доранд?