Вақте ки шахс наҷот меёбад оё то абад наҷотёфта мемонад?



Савол: Вақте ки шахс наҷот меёбад оё то абад наҷотёфта мемонад?

Чавоб:
Вақте ки касе наҷот меёбанд оё то абад наҷотёфта мемонанд? Вақте ки одамон Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳандаи худ мешиносанд, онҳо бо Худо муносибат пайдо мекунанд ва ин муносибат кафолати наҷоти абадии онҳост. Оятҳои зиёд инро тасдиқ мекунанд: (А) Румиён 8:30 мегӯяд: "Ва ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст." Аз ин оят мо мебинем, ки аз лаҳзае, ки Худо моро интихоб мекунад, баробари он аст, ки мо аллакай дар назди Ӯ дар осмон ҷалол ёфтаем. Рӯзе мерасад, ки имондор ҷалол меёбад ва чизе ба ин монеъ шуда наметавонад, чунки Худо инро аллакай дар осмон ният кардааст. Агар шахс як маротиба сафед шуда бошад, ӯ кафолати наҷотро дорад ва дар амон аст, ки ӯ аллакай дар осмон ҷалол ёфтааст.

(Б) Дар Румиён 8:33-34 Павлус ду саволи муҳим медиҳад: «Кӣ интихобудагони Худоро айбдор мекунад? Оё Худое, ки сафедкунанда аст? Кӣ маҳкум мекунад? Оё Масеҳе ки мурдааст, вале боз зинда шудааст? Оё Ӯ, ки ба ямини Худо нишастааст? Оё Ӯ, ки дар ҳаққи мо шафоат мекунад?». Кӣ интихобшудагони Худоро айбдор мекунад? Ҳеҷ кас, чунки Масеҳ тарафгири мост. Кӣ моро маҳкум мекунад? Ҳеҷ кас, чунки ҳукм дар дасти Масеҳ аст. Аммо Ӯ ба хотири мо мурд. Вай ҳам Довар ва ҳам Наҷотдиҳандаи мост.

(В) Имондорон вақти имон оварданашон аз нав таваллуд мешаванд (Юҳанно 3: 3; Титус 3: 5). Барои аз даст додани наҷот масеҳӣ бояд таваллуди навашро баргардонад. Аммо дар Китоби Муқаддас ҳеҷ далеле нест, ки таваллуди нав аз имондор баргардонда шавад. (Г) Рӯҳи Муқаддас дар дохили ҳамаи имондорон ҷойгир аст (Юҳанно 14:17; Румиён 8: 9) ва онҳоро аъзои бадани Масеҳ гардондааст (1 Қӯринтиён 12:13). Барои аз даст додани наҷот имондор бояд аз Рӯҳи Муқаддас маҳрум шаваду ӯ аз бадани Масеҳ ҷудо карда шавад.

(Д) Дар Юҳанно 3:15 гуфта шудааст, ҳар касе, ки ба Исои Масеҳ имон меоварад «ҳаёти абадӣ дорад». Агар шумо имрӯз ба Исои Масеҳ имон оварда, ҳаёти абадӣ ба даст овареду фардо онро аз даст медода бошед, пас онро ҳаёти «абадӣ» гуфта намешавад. Аз ин рӯ, агар имконияти аз даст додани наҷот бошад, пас он ваъдаҳои ҳаёти абадӣ, ки дар Китоби Муқаддас омадаанд, хато ҳастанд. (Е) Ба фикри ман далели аз ҳама боваринок дар худи Навиштаҷот омадааст: «Зеро ман мӯътақидам, ки на марг, на ҳаёт, на фариштагон, на девҳо, на ҳозира, на оянда, на ҳар гуна қувваҳо, на баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад" (Румиён 8: 38-39). Дар хотир доред, ки Худо, ки шуморо наҷот дод, Ӯ худ шуморо нигоҳ хоҳад дошт. Вақте ки мо наҷот ёфтем, ин наҷот барои то абад ба мо дода шудааст. Наҷоти мо бешубҳа абадист!



ба сахифаи точики баргардед



Вақте ки шахс наҷот меёбад оё то абад наҷотёфта мемонад?