Оё Китоби Муқаддас мастурбатсияро гуноҳ меҳисобад?



Савол: Оё Китоби Муқаддас мастурбатсияро гуноҳ меҳисобад?

Чавоб:
Дар Китоби Муқаддас ошкоро дар бораи мастурбатсия гуфта нашудааст ва гуноҳ буданаш бараъло наомадааст. Дар Навиштаҷот дар Ҳастӣ 38:9-10 як намуди мастурбатсияро дар воқеаи Ӯнон дида метавонем. Баъзеҳо ин порчаро хонда фикр мекунанд, ки «нутфаи худро ба замин рехтан» гуноҳ аст. Аммо ин порча маҳз дар бораи ин намегӯяд. Худо Ӯнонро на барои нутфашро ба замин рехтан, балки барои иҷро накардани вазифааш, ки барои бародари мурдааш бояд насл барқарор мекард, маҳкум кард. Ин порча на дар бораи мастурбатсия, балки дар бораи иҷрои накардани вазифаи оилавӣ аст. Оятҳои Матто 5:27-30-ро низ баъзеҳо ҳамчун далел барои мастурбатсияро гуноҳ ҳисоб кардан, истифода мебаранд. Исо дар бораи фикрҳои зинокорӣ надоштан, фаҳмонда дода, баъд мегӯяд: «Агар дасти ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида партоед». Дар ин порча мастурбатсия шояд дар назар дошта шуда бошад, лекин ин аз эҳтимол дур аст, ки Исо аниқ дар бораи мастурбатсия мегуфт.

Дар ҳоле, ки Китоби Муқаддас мастурбатсияро ошкоро гуноҳ наменомад, бешубҳа амале, ки ба мастурбатсия мебарад гуноҳ аст. Мастурбатсия одатан дар натиҷаи фикрҳои зинокорӣ, шаҳвати ҷинсӣ ё порнография карда мешавад. Ана ҳамин проблема бояд ҳал шавад. Агар бар гуноҳҳои шаҳват, фикрҳои бадахлоқона ва порнография ғалаба карда, аз онҳо дур шавем, масъалаи мастурбатсия аз байн меравад. Бисёр одамон аз барои мастурбатсия худро гунаҳкор ҳис карда, бар зидди он мубориза мебаранд. Мо бояд ба решаи мастурбатсия, он гуноҳҳое, ки моро ба мастурбатсия кардан водор месозанд бештар аҳамият диҳему тавба карда, ба онҳо зид бароем.

Баъзе принсипҳои Китоби Муқаддасро оид ба масъалаи мастурбатсия татбиқ кардан мумкин аст. Эфсӯсиён 5:3 мегӯяд: “Лекин зино ва ҳар гуна нопокӣ ва тамаъкорӣ набояд дар байни шумо ҳатто зикр ёбад”. Мастурбатсия ба ин оят тааллуқ надорад гуфтан, хеле душвор аст. Китоби Муқаддас ба мо таълим медиҳад: “Хулас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред” (1 Қӯринтиён 10:31). Агар ягон кори шумо ба Худо ҷалол надиҳад, шумо набояд онро кунед. Агар шахс дилпурона гуфта натавонад, ки кораш ба Худо маъқул аст, он гоҳ ин кор гуноҳ аст: “Ҳар коре, ки мувофиқи имон нест, гуноҳ аст” (Румиён 14:23). Ғайр аз ин, мо бояд дар хотир дорем, ки бадани мо бо нархи гарон харида шудааст ва он аз они Худост. “Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рӯҳулкудс, ки Вай дар шумо сокин аст ва онро шумо аз Худо ёфтаед ва шумо азони худатон нестед? Зеро ки шумо бо нархи гарон харида шудаед. Пас дар ҷисмҳои худ Худоро ҷалол диҳед” (1 Қӯринтиён 6:19-20). Ин ҳақиқати бузург моро роҳнамоӣ мекунад, ки кадом рафторро ба ҷисмҳои худ раво бинем. Ин принсипҳоро ба назар гирифта, хулоса мебарорем, ки аз рӯйи Китоби Муқаддас мастурбатсия гуноҳ аст. Аниқ аст, ки мастурбатсия Худоро ҷалол намедиҳад ва онро дар қатори бадахлоқии ҷинсӣ ҳисоб накардан нодуруст аст. Мастурбатсия нишон медиҳад, ки бадани мо ҳанӯз аз они Худо нестанд.



ба сахифаи точики баргардед



Оё Китоби Муқаддас мастурбатсияро гуноҳ меҳисобад?