Ман аз куҷо донам, ки баъд аз мурдан аниқ ба осмон меравам?



Савол: Ман аз куҷо донам, ки баъд аз мурдан аниқ ба осмон меравам?

Чавоб:
Оё шумо аниқ медонед, ки ҳаёти абадӣ доред ё не ва баъд аз мурдан ба осмон меравед ё не? Худо мехоҳад, ки шумо боварии комил дошта бошед! Китоби Муқаддас мегӯяд: “Ба шумо, ки ба номи Писари Худо имон доред, инро навиштаам, то донед, ки шумо ба Писари Худо имон дошта, ҳаёти абадӣ доред” (1 Юҳанно 5:13). Фарз кунем, ки шумо дар назди Худо истодаеду Ӯ аз шумо мепурсад: “Чаро Ман туро бояд ба осмон қабул кунам?” Шумо чӣ ҷавоб медиҳед? Шояд шумо ҷавоби дурусти ин саволро намедонед. Лекин шумо бояд донед, ки Худо ҳамаи моро дӯст медорад ва бароямон роҳе тайёр кардааст, то дар куҷо гузарондани ҳаёти абадиамонро донем. Китоби Муқаддас ин тавр мефаҳмонад: “Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад” (Юҳанно 3:16).

Дар аввал мо бояд фаҳмем, ки барои осмон рафтан чӣ монеъ мешавад. Табиати гунаҳкории мо монеъ аст ва намегузорад, ки бо Худо муносибат дошта бошем. Дили мо гуноҳкор аст ва мо роҳи гуноҳро интихоб кардем. “Чунки ки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд” (Румиён 3:23). Мо худро наҷот дода наметавонем. “Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед ва ин на аз шумост, балки атои Худост. Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад” (Эфсӯсиён 2:8-9). Мо сазовори марг ва дӯзах ҳастем. “Зеро ки музди гуноҳ марг аст” (Румиён 6:23).

Худо муқаддас ва одил аст ва бояд гуноҳро ҷазо диҳад, лекин Ӯ моро дӯст медорад ва ҷазои гуноҳҳои моро Худ супорида, моро бахшид. Исо гуфтааст: “Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас пеши Падар намеояд, магар ин ки фақат ба воситаи Ман” (Юҳанно 14:6). Исо барои мо дар салиб мурд: “Чунки Масеҳ низ барои он ки моро сӯи Худо оварад, як бор барои гуноҳҳои мо уқбат кашид, яъне одил барои золимон кушта шуд” (1 Петрус 3:18) Исои мурда зинда шуд: “Ӯ ба сабаби гуноҳҳои мо таслим карда шуд ва аз барои сафед кардани мо зинда шуд” (Румиён 4:25).

Инак, ба саволи аввал бармегардем: “Ман аз куҷо донам, ки баъд аз мурдан аниқ ба осмон меравам?” Ҷавобаш ин аст: ба Исои Масеҳ бовар кун ва ту наҷот хоҳи ёфт (Аъмол 16:31). “Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданд ва ба Ӯ имон оварданд, ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд” (Юҳанно 1:12). Шумо метавонед ҳаёти абадиро ҳамчун тӯҳфа бемузд гиред: “Бахшоиши файзи Худо ҳаёти абадист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ аст” (Румиён 6:23). Шумо акнун метавонед бо ҳаёти пурмазмуну маънидор зиндагӣ кунед. Исо гуфтааст: “Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт дошта бошанд ва ҳаёти фаровон дошта бошанд” (Юҳанно 10:10). Шумо метавонед абадан бо Исо дар осмон зиндагӣ кунед, зеро Ӯ ваъда додааст: “Вақте ки Ман меравам ва барои шумо ҷой тайёр мекунам, баргашта, шуморо пеши Худ мебарам, то дар ҷое, ки Ман ҳастам, шумо ҳам бошед. Роҳ ба он ҷое, ки Ман меравам, барои шумо маълум аст” (Юҳанно 14:3).

Агар шумо барои бахшида шудани гуноҳатон хоҳед, ки Исоро ҳамчун Наҷотдиҳандаи худ қабул кунед дуои дар инҷо овардашударо хонда метавонед. Хондани ин дуо ё ягон дуои дигар шуморо наҷот намедиҳад. Ин танҳо нишон медиҳад, ки шумо боварӣ доред, ки Масеҳ шуморо аз гуноҳ наҷот медиҳад. Дуои зерин танҳо як роҳи ифодаи бовариатон ба Худо ва миннатдориатон барои наҷотатон аст. “Эй Худо, ман медонам, ки гунаҳкорам ва сазовори ҷазо ҳастам. Аммо Исо Масеҳ ҷазои маро гирифт ва акнун ба воситаи боварӣ ба Ӯ гуноҳҳои ман бахшида шудаанд. Ман таваккал мекунам, ки Ту маро наҷот медиҳӣ. Барои файзи аҷоибат, бахшидани гуноҳҳоям, ҳаёти абадӣ тӯҳфа карданат миннатдор ҳастам! Омин!”

Оё Шумо нисбат ба Исо пас аз хондани маълумоти дар ин чо овардашуда карор кардед? Агар хамин тавр бошад, хохиш мекунем тугмачаи "Ман Исоро имруз кабул кардам"-ро пахш кунед.



ба сахифаи точики баргардед



Ман аз куҷо донам, ки баъд аз мурдан аниқ ба осмон меравам?