settings icon
share icon
Савол

Оё Худое, ки дар Китоби Муқаддас аст, воқеӣ аст? Ман аз куҷо донам, ки Худои Китоби Муқаддас Худои ҳақиқӣ аст?

Чавоб


Мо медонем, ки Худо воқеӣ аст, зеро Ӯ Худро ба мо бо се роҳ ошкор кардааст: ба воситаи офариниш, ба воситаи Каломаш ва ба воситаи Писараш, Исои Масеҳ.

Биёед ба ин далелҳои офариниш нигоҳ мекунем: “Зеро ки моҳияти намоёни Ӯ, яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти Ӯ, аз ҳилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд” (Румиён 1:20). “Осмонҳо ҷалоли Худоро эълон мекунанд ва фалак аз амали дастҳои Ӯ хабар медиҳад” (Заб. 18:2).

Агар ман аз сари роҳ як соати дастиро ёбам, фикр намекунам, ки он худ ба худ пайдо шудааст ё ҳамеша вуҷуд дошт. Аз тарзи сохту зебогии он соати дастӣ ман мефаҳмам, ки онро ягон дизайнер сохтааст. Ҳоло бинед, ки дар олам чӣ гуна чизҳои бузургтару зеботар мавҷуданд. Ченаки вақт на дар асоси ақбаракҳои соати дастӣ, балки дар асоси мунтазам даврзадани замин гирди офтом муайян карда мешавад, ки ҳамаи ин маҳсули дасти Худост. Олам чунин нақшаҳо ва тарҳи зебо дорад, ки бузург будани созандаи онро исбот мекунад.

Барои фаҳмидани сохти як компютар, ки чӣ тавр он қадар маълумотро дар бар гирифта метавонад, барои ман чӣ кадар мушкил аст, ки ман ҳатман аз дигарон бояд кӯмак табал кунам. Барои ман аниқ аст, ки як шахси хеле боақл онро кашф кардааст. Аммо сохти ДНКи одамизод, ки мо дар ҳар як ҳуҷайраи баданамон дорем, то чӣ андоза мураккабтар аст? Магар мураккабӣ ва фаъолияти ДНКи одамизо хираду ҳикмати бепоёни созандаашро исбот намекунад? Дар Китоби Муқаддас Худо Худои ҳамаи хираду ҳикмат тасвир ёфтааст.

Ба ғайр аз он ки Худо ин замини мураккабро офарид, Ӯ ҳамчунин дар дохили дили ҳар як инсон ҳисси абадиятро гузоштааст (Воиз 3:11). Одамизод аз лаҳзаи аввали ҳаёташ ҳис мекунад, ки ҳаёт аз зиндагии дар ин ҷаҳон фақат иборат нест, балки баъд аз марг ҳам давом медиҳад. Ин ҳиссиёти абадии мо ақалан дар ду роҳ баён мешавад: азбаски мо медонем, ки баъд аз марг боз ҳаёт аст мо якум некӣ карданро мехоҳем дорем ва дуюм парастиши худо мекунем. Китоби Муқаддас қонуни абадии Худоро ба одамизод ошкор мекунад.

Дар ҳар халқу миллат дар замонҳои гуногун одамон дар дилашон ҳис мекунанд, ки кори нек чист. Дар ҳама ҷо муҳаббат, кӯмак кардан, рост гуфтан ва ғайра арзиш дорад.

Ҳамин тавр низ мардуми тамоми ҷаҳон, новобаста аз маданияташон ҳамеша як низоми ибодати худроро доранд. Шояд одамон худоҳои гуногун ва бутҳоро ибодат мекунанд, лекин ҳиссиёти вуҷуд доштани як “қудрати олӣ”-ро ҳеҷ инсон инкор намекунад. Ба ибодат кардан майл доштани мо далели он аст, ки Худо моро “бо сурати Худ” офаридааст (Ҳастӣ 1:27).

Ҳамчунин Худо Худро ба мо ба воситаи Каломаш, яъне Китоби Муқаддас ошкор кардааст. Саросари Навиштаҷот пур аз далелҳо айён ҳастанд, ки вуҷуд доштани Худоро исбот мекунанд (Ҳастӣ 1:1; Хуруҷ 3:14). Масалан Бенҷамин Франклин ҳангоми навиштани тарҷумаи ҳолаш ҳаракат намекард, ки дар ҳақиқат вуҷуд доштанашро исбот кунад. Ба монанди ҳамин Худо низ дар каломаш, Китоби Муқаддас вақти зиёдро барои исбот кардани Худои ҳақиқӣ буданаш сарф накардааст. Китоби Муқаддас қудрати тағйир додани ҳаётро, ба вуҷуд овардани мӯъҷизаро дорад ва ин худ исбот мешавад, ки Худои Китоби Муқаддас Худои ҳақиқӣ аст.

Роҳи сеюме, ки Худо ба мо Худро аён мекунад, ба воситаи Писараш, Исои Масеҳ аст (Юҳанно 14:6-11). “Дар ибтидо Калом буд, Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд. Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо ҷалоли Ӯро дидем, ҷалоли Фарзанди Ягона, ки аз ҷониби Падар омад, пур аз марҳамату ростӣ буд” (Қӯлассиён 2:9).

Исо дар зиндагии заминиаш тамоми шариати Аҳди Қадимро риоя кардааст ва ҳамаи пешгӯйиҳои дар бораи Масеҳ буда дар ҳаёти Исо иҷро шудаанд (Матто 5:17). Меҳру шафқати бепоёни Исо ва мӯъҷизаҳои ба омма нишондодааш шаҳодад медиҳанд, ки суханонаш ҳақиқатанд ва Худи Ӯ Худо аст (Юҳанно 21:24-25). Баъд аз се рӯзи мурданаш Ӯ аз нав зинда шуд, ки садҳо нафар Ӯро, зиндашуданашро тасдиқ кардаанд (1 Қӯринтиён 15:6). Ҳуҷҷатҳои таърихии зиёд ҳастанд, ки воқеати рӯйдодҳои ҳаёти Исоро исбот мекунанд. Аз рӯйи гуфтаҳои ҳавворӣ Павлус “ин дар хилватгоҳе воқеъ нашудааст” (Аъмол 26:26).

Албатта ҳамеша шахсоне ҳастанд, ки ба ин гуфтаҳо шубҳа мекунанд ва ақидаҳои худро дар бораи Худо сохта, далелҳоро мувофиқи ақидаҳои худ мефаҳманд. Шахсоне низ ҳастанд, ки ҳар қадаре ки ба онҳо далелҳои зиёд оварда шавад ҳам, онҳо бовар намекунанд (Забур 13:1). Ҳамааш аз имони инсон вобаста аст (Ибриён 11:6).

English



ба сахифаи точики баргардед

Оё Худое, ки дар Китоби Муқаддас аст, воқеӣ аст? Ман аз куҷо донам, ки Худои Китоби Муқаддас Худои ҳақиқӣ аст?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries