Китоби Муқаддас оид ба издивоҷи марду зан аз миллатҳои гуногун чӣ мегӯяд?



Савол: Китоби Муқаддас оид ба издивоҷи марду зан аз миллатҳои гуногун чӣ мегӯяд?

Чавоб:
Аз рӯйи шариати Аҳди Қадим ба исроилиён амр шуда буд, ки аз дигар миллат зан нагиранд ва ба шавҳар надиҳанд (Такрори Шариат 7:3-4). Вале сабаби ин амр аз ранги пӯст ё миллат вобаста набуд. Гап дар сари дин буд. Худо ба яҳудиён аз сабаби он чунин фармон дода буд, ки миллатҳои дигар худоёни дурӯғинро парастиш мекарданд. Агар Исроилиён бо бутпарастон издивоҷ мекарданд, онгоҳ аз Худо дур шуда, аз роҳи ростӣ мебаромаданд. Малокӣ 2:11-ро хонда, мо мебинем, ки маҳз ҳамин чиз дар Исроил рӯй дод.

Ин принсипи покии рӯҳонӣ дар Аҳди Нав ҳам ҳаст, вале он аз миллат вобаста нест: ”Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо шарорат чӣ умумияте дорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад?” (2 Қӯринтиён 6:14). Ҳамон тавре ки ба исроилиён бо бутпарастон издивоҷ кардан мумкин набуд (исроилиён ба Худои яккаву ягонаи ҳақиқӣ бовар мекарданд), ба масеҳиён низ амр шудааст, ки бо беимонон издивоҷ накунанд (масеҳиён низ ба Худои яккаву ягонаи ҳақиқӣ бовар мекунанд). Дар Китоби Муқаддас ҳеҷ вақт издивоҷи миллатҳои гуногун нодуруст гуфта нашудааст. Ҳар касе, ки издивоҷи байни миллатҳои гуногунро манъ мекунад, барои ин дар Китоби Муқаддас асос надорад.

Бо гуфти Мартин Лютер Кинг, шахс бояд аз рӯи хислаташ ҳукм шавад, на аз барои ранги пӯсташ. Дар ҳаёти масеҳӣ аз рӯи миллат рӯйбинӣ карда намешавад (Яъқуб 2:1-10). Дар асл, аз нуқтаи назари Китоби Муқаддас танҳо як «миллат», яъне инсоният вуҷуд дорад, ки аз насли Одаму Ҳавво баромадааст. Дар вақти интихоби ҳамсар, масеҳӣ бояд касеро интихоб кунад, ки бо имон овардан ба Исои Масеҳ таваллуди нав ёфтааст (Юҳанно 3:3-5). Меъёри интихоби ҳамсар аз рӯйи Китоби Муқаддас имон ба Исои Масеҳ доштан ва на ранги пӯст мебошад. Дар издивоҷи шахсони аз миллатҳои дигаргун гап бояд на дар сари дурусту нодуруст будани он, балки сари ҳикмат, фаҳмиши масъала ва дуо равад.

Нафароне, ки издивоҷ кардан мехоҳанд, бояд бисёр саволҳоро дида бароянд. Албатта фарқияти ранги пӯст низ аҳамият дорад, лекин он набояд омили муайянкунандаи издивоҷ бошад. Ҷуфти аз миллатҳои дигаргун бо масхараю ҳуқуқпоймолшавӣ дучор шуданашон мумкин, лекин онҳо бояд тайёр шаванд, ки дар баробари ин масхараҳо мувофиқи гуфтаҳои Китоби Муқаддас бояд рафтор кунанд. “Ҳеҷ фарқияте байни яҳудиён ва ғайрияҳудиён нест, зеро ҳама Худованди Ягонае доранд, ки барои ҳамаи онҳое ки исми Ӯро мехонанд, сарватманд аст” (Румиён 10:12). Калисое, ки дар он одамони бо ранги пӯсти гуногун ҳастанд ва издивоҷи масеҳиёни миллатҳои дигаргун намунаи баробарии масеҳиёнро дар Масеҳ нишон медиҳанд.



ба сахифаи точики баргардед



Китоби Муқаддас оид ба издивоҷи марду зан аз миллатҳои гуногун чӣ мегӯяд?