Ман чӣ тавр бо Худо муносибатамро дуруст карда метавонам?



Савол: Ман чӣ тавр бо Худо муносибатамро дуруст карда метавонам?

Чавоб:
Барои доштани муносибати дуруст бо Худо, аввал мо бояд фаҳмем, ки чӣ сабаби муносибати нодуруст бо Худо мешавад. Ҷавоб ин гуноҳи мо аст, ки сабаби муносибати нодуруст бо Худо доштанамон мебошад. “Некӯкоре нест, як нафар ҳам нест” (Заб 13:3). “Мо бар зидди фармонҳои Худо муқобил баромадем; “Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳ будем” (Ишаъё 53:6).

Хабари шум ҳамин аст, ки ҷазои гуноҳ марг аст. “Ҷоне, ки гуноҳ карда бошад, хоҳад мурд” (Ҳизқиёл 18:4). Лекин хабари хуш ин аст, ки Худои меҳрубони мо фикри моро карда, ба мо наҷот тайёр кард. Исо дар бораи мақсади ба замин омаданаш, чунин гуфтааст: “Зеро Фарзанди Инсон барои он омадааст, ки гумроҳшударо кофта ёбаду наҷот диҳад” (Луқо 19:10) Вақте ки Ӯ дар салиб ҷон медод, Вай суханони «Иҷро шуд!” – ро эълон карда, бо ин нишон дод, ки мақсади омаданашро ба анҷом расонд (Юҳанно 19:30).

Барои доштани муносибати дуруст бо Худо, мо бояд аввал гуноҳкор буданамонро дарк кунем. Баъд аз он бо сари хам ба Худо ба гуноҳамон иқрор шавем (Ишаъё 57:15) ва қарор қабул кунем, ки дигар гуноҳ накунем. “Чунки одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ӯст ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст” (Румиён 10:10).

Шумо бояд бо боварӣ тавба кунед. Боварӣ ба он дошта бошед, ки марги Исо ин қурбонӣ аст ва Ӯ бо таври фавқултабии зинда шуд, то ки Наҷотдиҳандаи мо шавад. “Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон зинда кард, наҷот хоҳӣ ёфт” (Румиён 10:9). Боз бисёр оятҳои дигар дар бораи зарур будани имон мегӯяд, аз он ҷумла Юҳанно 20:27; Аъмол 16:31; Ғалотиён 2:16; 3:11, 26 ва Эфсӯсиён 2:8.

Муносибати дуруст бо Худо доштан аз он вобаста аст, ки шумо тӯҳфаи Худоро, ки ба шумо пешкаш кардааст, қабул мекунед ё не. Худо Наҷотдиҳандаро фиристод, ки барои шустани гуноҳҳоятон қурбонӣ шуд (Юҳанно 1:29) ва Ӯ ба шумо ваъда медиҳад: “Ҳар кӣ номи Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт” (Аъмол 2:21).

Як мисоли хеле хуб оид ба тавба ва бахшида шудани гуноҳҳо ин масал дар бораи писари ноқобил мебошад (Луқо 15:11-32). Писари хурдӣ мероси падариашро ба корҳои ношоям (гуноҳ) сарф карда, беҳуда барбод дод (ояти 13). Вақте ки ӯ рафтори нодурусташро фаҳмид, ба хонаи падараш баргаршанӣ шуд (ояти 18). Ӯ фикр кард, ки падараш вайро ҳамчун писар дигар қабул намекунад (ояти 19), вале фикраш нодуруст буд. Падар писари баргаштаашро мисли пештара дӯст медошт ва муҳаббати ӯ тағйир наёфта буд (ояти 20). Падар ҳамаи гуноҳи ӯро бахшид ва боз ҷашн барпо кард (ояти 24). Худо нек ва ҳамеша ба ваъдаҳояш вафодор аст, алалхусус ба ваъдае, ки гуноҳҳоямонро мебахшад. “Худованд ба дилшикастагон наздик аст ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод” (Забур 33:19).

Агар шумо хоҳед, ки муносибати дуруст бо Худо дошта бошед, дар ин ҷо як намунаи дуо аст. Дар ёд доред, ки гуфтани ин дуо ва ё ягон дуои дигар шуморо наҷот намедиҳад. Он танҳо нишон медиҳад, ки шумо ба Масеҳ таваккал доред, ки шуморо аз гуноҳ наҷот медиҳад. Дуои зерин танҳо як роҳи ифодаи бовариатон ба Худо ва миннатдориатон барои наҷот доданаш аст. “Эй Худо, ман медонам, ки гуноҳкор ҳастам ва сазовори ҷазоям. Аммо Исо Масеҳ ҷазои маро гирифт ва акнун ба воситаи боварӣ ба Ӯ гуноҳҳои ман бахшида шудаанд. Наҷотёфтани худро ба Ту таваккал мекунам. Барои файзи аҷоибат, бахшидани гуноҳҳоям ва ҳаёти абадӣ тӯҳфа доданат миннатдор ҳастам! Омин!”

Оё Шумо нисбат ба Исо пас аз хондани маълумоти дар ин чо овардашуда карор кардед? Агар хамин тавр бошад, хохиш мекунем тугмачаи "Ман Исоро имруз кабул кардам"-ро пахш кунед.



ба сахифаи точики баргардед



Ман чӣ тавр бо Худо муносибатамро дуруст карда метавонам?