settings icon
share icon
Савол

Оё қиморбозӣ гуноҳ аст? Китоби Муқаддас дар бораи қимор чӣ мегӯяд?

Чавоб


Китоби Муқаддас қимор, букмекерӣ ё лотереяро ба таври махсус маҳкум намекунад, аммо, моро огоҳ мекунад, ки пулпараст набошем (1 Тимотиюс 6:10; Ибриён 13:5). Инчунин навиштаҷот огоҳ мекунад, ки худро аз роҳи “зуд бой шудан” дур кашем (Масалҳо 13:11; 23:5; Воиз 5:10). Решаи қиморбозӣ асосан пулпарастӣ аст ва бешубҳа васвасаи тез бой шудан одамонро гумроҳ месозад.

Чаро қиморбозӣ нодуруст аст? Масъалаи қиморбозӣ масъалаи оддӣ нест. Агар фақат камтар қиморбозӣ мекунам гӯӣ, он шояд кори бад набошад, лекин беҳуда пулро барбод додан аст. Одамон пули худро ба ҳар майда чуйда ё ягон фаъолият сарф карда, барбод доданашон мумкин. Масалан беҳад зиёд ба билети тамошои филм пул сарф кардан, харидани хӯрокҳои бефоидаи қиммат ё ҳар хел чизҳои беҳуда ҳамаи ин ба монанди қиморбозӣ, барбод додани пул аст. Албатта, ин маъно надорад, ки қиморбозӣ раво аст. Мо пуламонро бояд беҳуда сарф накунем. Агар пули зиёдатиамон бошад, ба ҷои қиморбозӣ бояд барои эҳтиёҷи ояндаамон захира кунем ё ба кори Худованд сарф намоем.

Албатта дар Китоби Муқаддас ба таври кушоду равшан дар бораи қимор ҳеҷ чиз гуфта нашудааст, лекин дар бораи “толеъ доштан” ё “тасодуф” гуфта шудааст. Масалан аз рӯйи китоби Ибодат барои интихоб кардани он, ки кадом бузро қурбон кунанду кадомашро ба биёбон сар диҳанд, қуръа мепартофтанд. Еҳушаъ низ барои тақсим кардани қитъаҳои замин байни қабилаҳо қуръа истифода бурд. Наҳемё қуръаро барои муайян кардани он, ки дар деворҳои Ерусалим кӣ хона дошта метавонад, истифода бурда буд. Шогирдони Масеҳ барои интихоб кардани фиристода ба ҷои Яҳудо, қуръа партофтанд. Дар Масалҳо 16:33 гуфта шудааст: “Қуръа дар доман партофта мешавад, вале ҳар натиҷаи он аз Худованд аст”.

Китоби Муқаддас дар барои казиноҳо ва бозии лотто чӣ мегуфта бошад? Казиноҳо барои чақон гардондани бозорашон ҳар усулро истифода бурда, одамонро ҳавасманд мекунонду ана баъд то тавонистанашон аз қиморбозон пулашонро мегиранд. Аксар вақт онҳо нӯшокиҳои спиртии арзон ё бепулро пешниҳод мекунанд, ки қиморбозон маст шуда бозиҳоро бой диҳанд. Дар казиноҳо ҳамин хел муҳит сохта мешавад, ки қиморбозон даста-даста пулро барбод диҳанду баъд бо ду ангушт дар бинӣ баромад раванд. Онҳо танҳо аз бозии хушку холии кӯтоҳмуддат ҳаловат мебаранду бас. Лотерея ташкилкунандагон бошанд кӯшиш мекунанд, ки худро ҳамчун як роҳи маблағгузорони соҳаи маориф ва ё барномаҳои иҷтимоӣ нишон диҳанд. Вале тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки иштирокчиёни лотерея одатан онҳое мебошанд, ки камбизоатанд ва ҳатто барои харидани билети лотерея пули кофӣ надоранд. Барои одамони ноумедшуда роҳи осону зуд бой шудан як васвасаи хеле калон мебошад. Имконияти ғолиб баромадан бениҳоят кам аст, ки дар натиҷа ҳаёти бисёр одамон ба шикаст дучор мешавад.

Оё бурди лотерея ба Худо маъқул аст? Бисёр одамон мегӯянд, ки аз бурди қимору лотерея ба калисо ё ягон кори нек сарф мекунанд. Эҳтимол ин нияти нек бошад, лекин дар ҳақиқат аз бурди қиморбозӣ хеле кам барои кори Худованд сарф карда мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҳолати иқтисодии ғолибони лотерея торафт бадтару бадтар мешавад. Касоне, ки аз бурди лотерея ҳақиқатан ба роҳи нек сарф мекунанд, хеле каманд. Ғайр аз ин, Худо барои иҷрои кори Худ дар ҷаҳон ба пули мо мӯҳтоҷ нест. Масалҳо 13:11 мегӯяд: “Сарвате, ки аз ҳеҷу пуч пайдо шуда бошад, торафт кам мешавад, вале касе ки бо амали дасташ ғун карда бошад, онро афзун менамояд”. Ҳама чиз аз они Худо аст ва эҳтиёҷоти калисоро Ӯ бо роҳҳои бошараф таъмин мекунад. Оё маблағгузориҳо аз пулҳои маводи мухаддир ё дуздию ғоратгарӣ ба Худо шаъну шараф меоранд? Ҳаргиз не. Ба Худо пулҳои дуздидашуда даркор нестанд ва Ӯ ҳатто чашми дидани онҳоро надорад. Пулҳои қимор ин пулҳоест, ки бо васвасаи бойшавӣ аз камбизоатон дуздида шудааст.

1 Тимотиюс 6:10 ба мо мегӯяд: “Зеро ки решаи ҳамаи бадиҳо пулпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андӯҳҳои зиёде кардаанд”. Ибриён 13:5 мегӯяд: “Хулқатон аз пулпарастӣ дур бошад, зеро ки Худи Ӯ гуфтааст: ‘Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт’”. Дар Матто 6:24 чунин навишта шудааст: “Ҳеҷ кас якбора ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул”.

English



ба сахифаи точики баргардед

Оё қиморбозӣ гуноҳ аст? Китоби Муқаддас дар бораи қимор чӣ мегӯяд?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries