Китоби Муқаддас дар бораи динозаврҳо чӣ мегӯяд? Оё дар Китоби Муқаддас динозаврҳо зикр шудаанд?



Савол: Китоби Муқаддас дар бораи динозаврҳо чӣ мегӯяд? Оё дар Китоби Муқаддас динозаврҳо зикр шудаанд?

Чавоб:
Дар байни масеҳиён дар бораи мавзӯи динозаврҳо аз рӯйи Китоби Муқаддас баҳсҳои бисёр мераванд. Ин мавзӯъ ба монанди мавзӯъҳои таърихи замин, маънидоди дурусти китоби Ҳастӣ, маънидоди далелҳои бозёфтҳо баҳснок аст. Касоне, ки ба миллионҳо сол вуҷуд доштани замин боварӣ дорад мегӯянд, ки дар Китоби Муқаддас динозаврҳо зикр нашудаанд, чунки аз рӯйи боварии онҳо динозаврҳо миллионҳо сол пеш аз офариниши одам нест шудаанд. Пас онҳое, ки Китоби Муқаддасро навистаанд, динозаврҳоро надида буданд.

Аммо баъзеҳо баръакс, бовар мекунанд, ки таърихи замин миллионҳо сол надорад. Чунин касон мегӯянд, ки динозаврҳо дар Китоби Муқаддас бо номи дигар зикр шудаанд. Ба ҷои динозавр, калимаи ибронӣ “танийн” истифода бурда шуда, дар тарҷумаҳои Китоби Муқаддас бо роҳҳои гуногун тарҷума шудаанд. Баъзан он ҳамчун “махлуқи баҳрӣ” ва баъзан онро “мор” тарҷума мекунанд. Одатан онро боз «аждаҳор» тарҷума мекунанд. “Танийн” ҳамчун як намуди хазандаи азимҷусса пайдо мешуд. Ин махлуқ қариб сӣ бор дар Аҳди Қадим омадааст. Вай ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар об пайдо мешуд.

Ба ғайр аз ин хазандаҳои азимҷусса дар Китоби Муқаддас инчунин якчанд намуди махлуқҳое низ тасвир шудаанд, ки баъзе аз олимон онҳоро динозавр меҳисобанд. Баҳмутҳо ҳамчун махлуқи калонтарини Худо офарида ба ҳисоб мерафтанд, ки азимҷуссае бо думи ба монанди дарахти ҷалғӯза буд (Айюб 40:15). Баъзе олимон бошанд, ин азимҷуссаро ба фил ё баҳмут ташбеҳ медиҳанд. Дигарон мегӯянд, ки думҳои филҳо ва баҳмутҳо хеле борик ҳастанд ва ба монанди дарахти ҷалғӯза нестанд. Динозаврҳои ба мисли брахиозавр ва диплодокус думҳои ғафс доштанд, ки ба дарахти ҷалғӯза монанд буданд.

Қариб ҳар як тамаддуни қадима дар санъати тасвирии худ, ҳар намуди махлуқоти азимҷуссаро доштанд. Петроглифҳо, артефактҳо ва дигар намуди бозёфтҳои гилиро дар Амрикои Шимолӣ дарёфт кардаанд, ки онҳо ба монанди динозаврҳо тасвир шудаанд. Дар Амрикои Ҷанубӣ чанд тасвирҳо дар санг дарёфт кардаанд, ки дар он мардҳо болои махлуқҳои дилодокус шакл савор шудаанд. Ин ҳайратангез аст, ки онҳо ба монанди трисератопҳо, птеродактилҳо ва тираннозаврҳою рексҳо буданд. Кошинкории Рум, кулоли майя ва деворҳои шаҳри Бобил ҳама шаҳодат медиҳанд, ки инсон дар фарҳангҳои худ ба ин гуна махлуқҳо шавқ дошт. Баъзе вақт далелҳо бо афсонаҳо омехта мешаванд, ба монанди афсонаи Марко Поло, ки дар бораи даррандагон ва ганҷинаҳо навишта буд. Илова бар ин, ба ғайр аз миқдори зиёди далелҳои антропогенӣ ва таърихӣ дар бораи ҳамзистии динозаврҳо бо инсон, боз далелҳои моддӣ вуҷуд доранд. Масалан дар Амрикои Шимолӣ ва Ғарбӣ, инчунин дар Осиёи Марказӣ изҳои одамон ва динозаврҳоро якҷоя бозёфт кардаанд.

Пас оё дар Китоби Муқаддас динозаврҳо зикр шудаанд? Мо ҳанӯз дур аз ҳалли ин муамо ҳастем. Ҷавоб вобаста аз он аст, ки шумо далелҳои дастрасро чӣ тавр маънидод мекунед ва ҷаҳонбиниатон чӣ гуна аст. Агар гуфтаҳои Китоби Муқаддасро айнан калима ба калима маънидод кунем, натиҷа мегирем, ки замини мо хеле ҷавон аст ва динозаврҳо ҳамзамон бо инсон буданд. Агар инсон бо динозаврҳо дар як замон зиндагӣ карда бошанд, пас ба диназаврҳо чӣ рӯй дод? Гарчанде дар Китоби Муқаддас ба ин масъала ҷой дода нашудааст, эҳтимоли зиёд аст, ки динозаврҳо баъд аз тӯфони замони Нӯҳ аз сабаби тағйироти бузурги муҳит ва беист аз тарафи одамон шикор шуданашон аз байн рафтаанд.



ба сахифаи точики баргардед



Китоби Муқаддас дар бораи динозаврҳо чӣ мегӯяд? Оё дар Китоби Муқаддас динозаврҳо зикр шудаанд?