Оё Китоби Муқаддас Масеҳро Худо меҳисобад?



Савол: Оё Китоби Муқаддас Масеҳро Худо меҳисобад?

Чавоб:
Худи Исо дар борааш аниқ тасдиқ кардааст, ки Худо аст. Инчунин шогирдонаш низ Худо будани Масеҳро тасдиқ карданд. Шогирдонаш дарк карданд, ки Исо ҳаққи бахшидани гуноҳҳоро дошт ва фақат Худо ин корро карда метавонад, чунки инсон бар зидди Худо гуноҳ кардааст (Аъмол 5:31; Қӯлассиён 3:13; Забур 129:4; Ирмиё 31:34). Вобаста ба ин гуфтаҳо, дар бораи Исо инчунин гуфта шудааст, Ӯ ҳамон касест, ки “зиндагон ва мурдагонро доварӣ мекунад” (2 Тимотиюс 4:1). Тумо фарьёд зада, ба Исо гуфт: “Эй Худованди ман ва эй Худои ман!” (Юҳанно 20:28). Павлус Исоро “Худои бузург ва Наҷотдиҳанда” мехонд (Титус 2:13). Павлус қайд карда буд, ки пеш аз ба замин омаданаш Ӯ алаккай “ҳамчун Худо” вуҷуд дошт (Филиппиён 2:5-8). Худо Падар дар бораи Исо чунин мегӯяд: “Тахти Ту, эй Худо, то абад аст” (Ибриён 1:8). Юҳанно мегӯяд, ки “дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом [Исо] Худо буд” (Юҳанно 1:1). Дар бораи илоҳияти Масеҳ Китоби Муққадас бисёр таълим медиҳад (нигаред Ваҳӣ 1:17; 2:8; 22:13; 1 Қӯринтиён 10:4; 1 Петрус 2:6-8; Забур 17:2; 94:1; 1 Петрус 5:4; Ибриён 13:20). Ба ҳар ҳол, барои нишон додани он, ки пайравони Исои Масеҳ Ӯро Худо меҳисобанд, ҳатто яке аз ҳамин далелҳо кифоя аст.

Исо инчунин бо унвонҳое хонда шуда буд, ки фақат ба Худо ЯҲВЕ (номи расмии Худо) дар Аҳди Қадим хос мебошанд. Унвони “Раҳокунанда”, ки дар Аҳди Қадим омадааст (Забур 129: 7; Ҳушаъ 13:14) дар Аҳди Нав ба Исо таносуб дошт (Титус 2:13; Ваҳӣ 5: 9). Ба Исо Имонуил ном дода шуда буд, ки маънояш “Худо бо мо” (Матто 1). Дар Закарё 12:10, ЯҲВЕ мегӯяд: “Онҳо бар Ман, ки найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт”. Дар Аҳди Нав ин гуфтаҳо ба Исо ҳангоми дар салиб мехкӯб шуданаш таносуб доштанд (Юҳанно 19:37; Ваҳӣ 1:7). Агар найзаро ба ЯҲВЕ зада, ба Ӯ назар андохта бошанд, Исо ҳамон Касе буд, ки ҳангоми дар рӯйи салиб буданаш ба Ӯ найза зада, назар андохтанд, пас Исо ЯҲВЕ аст. Павлус порчае аз Ишаъё 45:22-23 – ро маънидод карда, дар Филиппиён 2:10-11 онро ба Исо нисбат додааст. Ғайр аз ин, номи Исо дар баробари номи Худо дар дуо истифода бурда мешуд “Файз ва осоиштагӣ бар шумо аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованди мо Исои Масеҳ” (Ғалотиён 1:3; Эфсӯсиён 1:2). Агар Исо Худо намебуд, он гоҳ ин гуфтаҳо бар зидди Худо ҳисоб мешуданд. Инчунин дар фармони Исо оид ба таъмид додан, номи Исо ҳамроҳи Худо оварда шудааст “ба номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас” (Матто 28:19; 2 Қӯринтиён 13:14).

Исо он корҳоеро кардааст, ки танҳо Худо ба он корҳо қодир аст. Исо на фақат аз нав зинда шуд (Юҳанно 5:21, 11; 1:38-44;) ва гуноҳҳоро бахшид (Аъмол 5:31; 13:38), балки тамоми коинотро Ӯ офаридааст (Юҳанно 1:2; Қӯлассиён 1:16-17). Худо будани Масеҳ боз аниқтар аз рӯйи гуфтаҳои ЯҲВЕ дида мешавад. Дар вақти офаришин ғайри Яҳве касе набуд. Аммо ҳама чиз бо Каломи Ӯ (яъне Исои Масеҳ) офарида шудааст (Ишаъё 44:24). Ғайр аз ин, Масеҳ ин хусусиятҳои танҳо ба Худо хос бударо дорад: Ӯ абадӣ аст (Юҳанно 8:58), Ӯ дар ҳама ҷо вуҷуд дорад (Матто 18:20; 28:20), Ӯ аз ҳама чиз огоҳу воқиф аст (Матто 16:21) ва Ӯ пурқудрат аст (Юҳанно 11:38-44).

Инак, Исоро Худо ҳисоб кардан як чиз асту инро исбот намудан дигар чиз аст. Масеҳ мӯъҷизаҳои бисёр кард, ки ин Худо буданашро исбот мекунад. Ана чанд мӯъҷизаҳои Исоро номбар мекунем: Ӯ обро ба шароб гардонд (Юҳанно 2:7); Ӯ дар рӯйи об роҳ рафт (Матто 14:25), Ӯ чизҳои моддиро зиёд намуд (Юҳанно 6:11), Ӯ кӯронро шифо дод (Юҳанно 9:В7), лангон (Марқӯс 2:3), беморонро шифо дод (Матто 9:35; Марқӯс 1:40-42) ва ҳатто мурдаҳоро зинда кард (Юҳанно 11:43-44; Луқо 7:11-15; Марқӯс 5:35). Беш аз ин, Худи Масеҳ Худаш мурда, аз нав зинда шуд. Дар динҳои дигар низ ривоятҳои мурда ва зинда шудани худоҳо вуҷуд доранд, лекин он ривоятҳо бар хилофи зинда шудани Масеҳ афсонавӣ буданашон маълум аст ва воқеан рӯй додани онҳо исбот надорад.

Аммо дар бораи зинда шудани Исо камаш дувоздаҳ далелҳои таърихӣ вуҷуд доранд, ки ҳатто аз тарафи олимони ғайримасеҳӣ тасдиқ шудаанд:

1. Исо дар салиб мурд.
2. Ӯ дафн шуд.
3. Марги Исо шогирдонашро маъюс ва ноумед кард.
4. Чанд рӯз дертар пас аз марги Исо, қабри Ӯро холӣ ёфтанд.
5. Шогирдони Исо мегӯянд, ки Исои аз нав зиндашударо дидаанд.
6. Шогирдони Исо дар аввал нобоварӣ доштанд, баъд ба имондорони далер табдил ёфтанд.
7. Ин хабар дар байни калисои аввал паҳн шуд.
8. Ин хабар дар Ерусалим паҳн шуд.
9. Дар натиҷа ба воситаи ин хушхабар Калисо барпо гашта, афзоиш ёфт.
10. Ба ҷои рӯзи махсуси истироҳат, ки шанбе буд, рӯзи якшанбе рӯзи ибодат гардид, чунки Исо дар рӯзи якшанбе аз нав зинда шуд.
11. Яъқуб, ки як марди шаккок буд, зинда шудани Исоро дида, тағйир ёфт.
12. Павлус, ки душмани масеҳият буд, аз дидани Исои зиндашуда, акси одами пештарааш шуд.

Агар ягон кас зидди рост будани тамоми ин рӯйхат барояд ҳам, якчандтои ин нуқтаҳо барои исбот кардани зиндашавии Исо ва тасдиқи хушхабар кофӣ аст. Хушхабар ҳамин аст, ки Исо мурд, дафн шуд ва аз нав зинда шуда, ба дигарон Худро намоён кард (1 Қӯринтиён 15:1-5). Шояд барои фаҳмондани як ё ду фактҳои дар боло оварда шуда, назарияҳо бошанд, аммо танҳо зинда шудани Исо ба ҳамаи ин фактҳо ҷавоб аст. Мунаққидон қабул мекунанд, ки шогирдон дидани Исои зиндашударо тасдиқ мекарданд. Чуноне ки зиндашавии Масеҳ сабаби тағйир ёфтани шогирдонаш шуд, ягон дурӯғ ва таваҳҳум (галлюцинация) одамро тағйир дода наметавонад. Аввалан барои онҳо пайрави Масеҳ будан чӣ фоида медод, агар Ӯ зинда намешуд? Масеҳият динни машҳур набуд, пас онҳо на ному шараф, на пулу сарват ба даст меоварданд. Баъдан дурӯғгӯйҳо ба шаҳид шудан розӣ намешаванд. Шогирдони Масеҳ тайёр буданд, ки барои имонашон бо марг даҳшатовар ҳам дучор шаванд ва исботи аз ин беҳтаре нест, ки зиндашавии Исо ҳақиқатан рост буд. Дуруст аст, ки бисёр одамоне ҳастанд, ки дар роҳи он чӣ дурӯғ аст, ҷон месупоранд, лекин онҳо дурӯғро рост фикр мекунанд ва ҳеҷ ка дурӯғро дидаю дониста, дар роҳи он ҷон намесупорад.

Дар хотима, Масеҳ тасдиқ кард, ки Ӯ ЯҲВЕ, яъне Худо аст (на танҳо “як худое”, балки ҳамон Худои яккаву ягона ва ҳақиқӣ аст); пайравонаш (ки яҳудиён буданд ва аз бутпарастӣ метарсиданд) ба Ӯ имон оварданд ва Ӯро ҳамчун Худо қабул карданд. Масеҳ Худо буданашро тавассути мӯъҷизаҳо исбот кард, аз он ҷумла бо зиндашавиаш, ки тамоми ҷаҳонро тағйир дод. Ягон назарияи дигар ин далелҳоро шарҳ дода наметавонед. Бале, Китоби Муқаддас Масеҳро Худо меҳисобад.



ба сахифаи точики баргардед



Оё Китоби Муқаддас Масеҳро Худо меҳисобад?