settings icon
share icon
Савол

Аз нав таваллуд ёфтан чӣ маъно дорад? Ман ӣ тавр аз нав таваллуд ёфта метавонам?

Чавоб


Аз нав таваллуд ёфтан чӣ маъно дорад? Ҷавоби ин савол дар Китоби Муқаддас порчаи Юҳанно 3:1-21 омадааст. Худованд Исои Масеҳ бо Ниқӯдимус, ки як фарисии машҳур ва узви шӯрои пирон (мақоми ҳокими яҳудиён) буд, сӯҳбат мекард. Ниқӯдимус шабона бо чанд саволаш ба назди Исо омада буд.

Исо ба Ниқӯдимус гуфт: “Ба ростӣ ба ту мегӯям, кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Подшоҳии Худоро дида наметавонад”. “Чӣ тавр одами солхӯрда аз нав таваллуд ёфта метавонад? – пурсид Ниқӯдимус.– Магар ӯ метавонад ба шиками модараш баргашта, дубора таваллуд шавад!” Исо ҷавоб дод: “Ба ту рост мегӯям, агар касе аз об ва Рӯҳ таваллуд нашавад, ба Подшоҳии Худо дохил шуда наметавонад. Он чӣ аз ҷисм таваллуд мешавад, ҷисм аст ва он чӣ аз Рӯҳ таваллуд мешавад, рӯҳ аст. Аз он ки ба ту ‘Шумо бояд аз нав таваллуд ёбед’ гуфтам ҳайрон нашав” (Юҳанно 3:3-7).

Ибораи “аз нав таваллуд ёфтан” маънои “аз осмон таваллуд ёфтан”-ро дорад. Ниқӯдимус як мӯҳтоҷии ҳақиқӣ дошт. Ӯ мӯҳтоҷ буд, ки дилаш дигар шавад, яъне табадулоти рӯҳонӣ рӯй диҳад. Худо ба воситаи имони шахс ба вай таваллуди нав, яъне аз олами боло таваллуд шуданро мебахшад. Он гоҳ ба одам ҳаёти абадӣ (2 Қӯринтиён 5:17; Титус 3:5; 1 Петрус 1:3; 1 Юҳанно 2:29; 3:9; 4:7; 5:1-4, 18). Юҳанно 1:12, 13 нишон медиҳад, ки ба воситаи имон овардан ба Исои Масеҳ, шахс “аз нав таваллуд меёбад”, яъне “фарзандони Худо” мешавад.

Аз ин ҷо савол ба миён меояд: “Чаро шахс бояд аз нав таваллуд ёбад?” Ҳавворӣ Павлус дар номаи худ ба Эфсӯсиён 2:1 мегӯяд: “Ва шуморо Ӯ зинда кард, ки ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед”. Ба Румиён вай чунин навишт: “Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шуданд” (Румиён 3:23). Гунаҳкорон рӯҳан “мурда” ҳастанд. Вақте ки онҳо ҳаёти рӯҳониро ба воситаи имон ба Исои Масеҳ қабул мекунанд, ин ҳолат дар Китоби Муқаддас монанди аз нав таваллуд ёфтан тасвир мешавад. Танҳо гуноҳҳои онҳое бахшида мешаванд, ки аз олами боло таваллуд ёфтаанд. Он гоҳ онҳо бо Худо муносибат пайдо мекунанд.

Ин чӣ тавр рӯй медиҳад? Дар Эфсӯсиён 2:8-9 гуфта шудааст «Зеро ки шумо ба воситаи имон наҷот ёфтед ва ин на аз шумост, балки атои Худост, ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад”. Шахсе, ки касе наҷот меёбад, аз олами боло таваллуд меёбад ва рӯҳи нав мегирад. Дар асоси таваллуди нав вай ҳақ дорад, ки фарзанди Худо шавад. Вақте ки ба Исои Масеҳ имон меорем мо “аз нав таваллуд мешавем”. Чунки Исо дар салиб мурда, ҷазои гуноҳҳои моро супорида буд. “Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест: чизҳои қадима гузаштанд, ва инак ҳама чиз нав шудааст!” (2 Қӯринтиён 5:17).

Агар шумо ба Худованд Исои Масеҳ ҳамчун Наҷотдиҳанда худ имон оварда набошед, шояд фикри андеша ба суханони Рӯҳи Муқаддас медиҳед, ки ба дили шумо гап мезанад? Шумо бояд аз нав таваллуд ёбед. Шумо мехоҳед, ки имрӯз дуои тавба кунеду махлуқи нав дар Исои Масеҳ шавед? “Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданд ва ба Ӯ имон оварданд, ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд. Онҳо на ба таври табиӣ ва на аз рӯи хоҳиши инсонӣ, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд” (Юҳанно 1:12-13).

Агар шумо Исои Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳандаи худ қабул карда, аз нав таваллуд ёфтан хоҳед, дар поён дуои оддӣ оварда шудааст. Дар хотир доред, ки хондани ин дуо ё ягон намуди дигари дуо шуморо наҷот намедиҳад. Бо ин дуо шумо фақат исрор мекунед, ки бовар мекунед, ки Масеҳ шуморо аз гуноҳ наҷот медиҳад. Ин дуо, оддӣ карда гӯем, изҳори имон ба Худо ва шукргузориатон барои наҷот аст. “Худо, ман медонам, ки гуноҳкорам ва сазовори ҷазо ҳастам. Лекин Масеҳ он ҷазоро, ки ман сазовор будам, ба Худ гирифт ва инак ба воситаи имон ба Ӯ ман бахшида шудаам. Таваккали ман ба Ту аст, ки маро наҷот медиҳӣ. Раҳмат барои файзу марҳамат ва бахшиши гуноҳҳо, ки ба ман ҳаёти абадиро мебахшад! Омин!”

Оё Шумо нисбат ба Исо пас аз хондани маълумоти дар ин чо овардашуда карор кардед? Агар хамин тавр бошад, хохиш мекунем тугмачаи "Ман Исоро имруз кабул кардам"-ро пахш кунед.

English



ба сахифаи точики баргардед

Аз нав таваллуд ёфтан чӣ маъно дорад? Ман ӣ тавр аз нав таваллуд ёфта метавонам?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries