Китоби Муқаддас оид ба нӯшокиҳои спиртӣ/шароб чӣ мегӯяд? Оё барои масеҳӣ нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ (арақ)/шароб гуноҳ аст?



Савол: Китоби Муқаддас оид ба нӯшокиҳои спиртӣ/шароб чӣ мегӯяд? Оё барои масеҳӣ нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ (арақ)/шароб гуноҳ аст?

Чавоб:
Дар навиштаҷот дар бораи нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ бисёр сухан гуфта шудааст (Ибодат 10:9; 6:3; Такрори Шариат 29:6; Доварон 13:4, 7, 14; Масалҳо 20:1; 31:4; Ишаъё 5:11, 22; 24:9; 28:7; 29:9; 56:12). Ба ҳар ҳол, дар навиштаҷот нӯшидани пиво, шароб ё ягон намуди дигари нӯшокии спиртӣ барои масеҳиён манъ нашудааст. Дар навиштаҷот ҳатто ҷойҳое ҳастанд, ки нисбати шароб мусбӣ сухан рафтааст. Воиз 9:7 чунин таълим медиҳад: "Сшароби худро бо дилхушӣ бинӯш". Дар Забур 103:14-15 бошад, гуфта шудааст, ки Худо шаробро додааст, то ки дили инсонро шод гардонад. Дар Омӯс 9:14 оварда шудааст, ки шинондани токҳо ва нӯшидани шароби он аломати баракати Худо аст. Дар Ишаъё 55:1 гуфта шудааст: "Оре, биёед шароб ва шир бихаред..."

Худо дар бораи нӯшокиҳои спиртӣ ба масеҳиён фармон додааст, ки маст нашаванд (Эфсӯсиён 5:18). Китоби Муқаддас бадмастӣ ва оқибатҳои онро маҳкум мекунад (Масалҳо 23:29-35). Ба масеҳиён инчунин фармон дода шудааст, ки вобастаи чизе нашаванд (1 Қӯринтиён 6:12; 2 Петрус 2:19). Аниқ аст, ки одам нӯшокиҳои спиртиро бисёр нӯшад, ба он одат мекунад ва вобаста мешавад. Инчунин аз рӯйи навиштаҷот ба масеҳӣ иҷозат дода намешавад, ки бо рафтораш дигар масеҳиёнро ба васваса андозад, ё онҳоро бар зидди виҷдонашон гуноҳ кунонад (1 Қӯринтиён 8:9-13). Ин принсипҳоро ба назар гирифта, масеҳӣ гуфта наметавонад, ки бо бисёр нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ Худоро ҷалол медиҳад (1 Қӯринтиён 10:31).

Исо обро ба шароб табдил дод. Маълум мешавад, ки худи Исо баъзан шароб менӯшид (Юҳанно 2:1-11; Матто 26:29). Дар замонҳои Аҳди Нав оби нӯшидани он қадар тоза набуд. Он вақт ҳолати санитарӣ монанди ҳозира набуд, бинобар ин об аксар вақт бо бактерияҳо, вирусҳо ва бо ҳар намуди ифлосӣ олуда мегашт. Дар кишварҳои ақибмондаи имрӯза низ ҳамин тавр рӯй медиҳад. Аз ин рӯ, дар замони пештар мардум аксаран шароб менӯшиданд (ё шарбати ангур), зеро эҳтимоли олудашавии он камтар буд. Дар 1 Тимотиюс 5:23, Павлус ба Тимотиюс таълим медиҳад, ки ба ҷои об (ки шояд боиси касалии меъдаи ӯ буд) кам-кам шароб нӯшад. Дар он замон шароб ба ҳолати ҷӯшиш оварда мешуд, вале дараҷаи спитр дар таркибаш ба андозаи имрӯза набуд. Он фақат оби ангур буд ё монанди шароби ҳозира гуфтан ҳарду нодуруст аст. Такрор мекунем, ки дар навиштаҷот нӯшидани пиво, шароб, ё ягон нӯшокии спиртӣ ба масеҳиён манъ нашудааст. Нӯшокии спиртӣ гуноҳ нест. Бадмастӣ ва вобастагӣ аз нӯшокии спиртӣ, ана аз ин масеҳӣ бояд комилан худдорӣ кунад (Эфсӯсиён 5:18; 1 Қӯринтиён 6:12).

Спирт бо миқдори кам на зараровар аст ва на вобаста мекунад. Дар ҳақиқат, баъзе духтурон барои саломатии шахс бо миқдори кам нӯшидани шароби сурхро маслиҳат медиҳанд, хусусан барои дил фоида дорад. Масеҳӣ барои қарор кардани он, ки бо миқдори кам нушокиҳои спиртӣ истеъмол мекунад ё не, озод аст. Вале аз сабаби натиҷаҳое, ки нӯшокиҳои спиртӣ доранд, ба монанди васвасаи барзиёд нӯшида маст шудан, ягон касро баногоҳ ранҷонидан, ё сабаби васвасаи дигарон шудан, беҳтар аст, ки масеҳӣ аз нӯшидани шароб худдорӣ кунад.



ба сахифаи точики баргардед



Китоби Муқаддас оид ба нӯшокиҳои спиртӣ/шароб чӣ мегӯяд? Оё барои масеҳӣ нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ (арақ)/шароб гуноҳ аст?