settings icon
share icon
Савол

Пас аз марг чӣ рӯй медиҳад?

Чавоб


Дар байни масеҳиён мавзӯи ҳаёт баъд аз марг як муаммо аст. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки то рӯзи саволу ҷавоби охирин мурдаҳо дар ҳолати “хоб” меистанд ва баъд аз саволуҷавоби Худо ё ба осмон ё ба дӯзах фиристода мешаванд. Дигарон бошанд, бовар мекунанд, ки одам баъд аз мурданаш ҳамон замон ҳукм шуда, ба ҷойи таъиншудааш то ба абад меравад. Боз баъзеҳо мегӯянд, ки баъд аз марг ҷонашон/рӯҳашон то рӯзи қиёмат ба як осмон ё дӯзахи “муваққатӣ” фиристода шуда, рӯзи саволу ҷавоби Худоро интизор мешаванд. Баъд аз қиёмат онҳо ба ҷойҳои таъйиншудаашон то ба абад мераванд. Инак, худи Китоби Муқаддас дар бораи ҳаёт баъд аз марг чӣ мегӯяд?

1. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки касони ба Исои Масеҳ имон оварда баъд аз марг ҷонашон/рӯҳашон ба осмон гирифта мешавад. Чунки аз сабаби он ки онҳо Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда қабул кардаанд, гуноҳҳояшон бахшида шудаанд (Юҳанно 3:16, 18, 36). Барои имондорон, марг ин маънои “аз тан ҷудо шуда, назди Худованд макон гирифтан аст” (2 Қӯринтиён 5:6-8; Филиппиён 1:23). Бо вуҷуди ин, дар оятҳои ба монанди 1 Қӯринтиён 15:50-54 ва 1 Таслӯникиён 4:13-17 навишта шудааст, ки имондорон баъз аз мурдан боз зинда мешаванду барояшон баданҳои пурҷалол дода мешавад. Агар имондорон баъд аз марг якбора бо Масеҳ бошанд, пас гашта зинда шудан чӣ маъно дорад? Ба назар мерасад, ки ҳангоми бо Масеҳ будани ҷони/рӯҳи имондор, ҷисмаш дар қабр меистад, яъне дар ҳолати “хоб” мебошад. Рӯзи қиёмат ҷисми имондорон зинда шуда ҷалол меёбад ва бо ҷон/рӯҳ боз пайваст мешавад. Ана баъд имондорон бо ҷону рӯҳи бо бадан пайвастшудаю ҷалолёфта то абад дар осмон ва замини нав хоҳанд буд (Ваҳӣ 21-22).

2. Барои онҳое, ки Исои Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда қабул накардаанд, марг маънои ҷазои абадиро дорад. Бо вуҷуди ин, ба назар мерасад, ки тақдири беимонон ба монанди тақдири имондорон то рӯзи қиёмату саволу ҷавоб фавран ба ҷои муваққатӣ фиристода мешаванд ва муайян шудани сарнавишти абадиашонро интизор мешаванд. Дар Луқо 16:22-23 нақл шудааст, ки як марди бой баъд аз мурданаш якбора ба азоб гирифтор мешавад. Дар Ваҳӣ 20:11-15 тасвир шудааст, ки ҳамаи мурдаҳои беимон зинда шуда, дар пеши тахти бузургу сафеди Худо ҳукм шуда, ба кӯли оташин андохта мешаванд. Пас беимонон якбора ба дӯзах (кӯли оташ) партофта намешаванд, балки дар як ҳолати муваққатии ҳукму доварӣ мебошанд. Гарчанде беимонон баъд аз мурданашон якбора ба кӯли оташ фиристода нашаванд ҳам, ҳолате, ки гирифтор мешаванд лаззатбахш нест. Бой фарёд зада гуфт: “Ман дар ин оташ азоб мекашам” (Луқо 16:24).

Аз ин рӯ, инсон баъд аз марг ё ба осмон ё ба дӯзахи «муваққатӣ» меравад. Лекин дар рӯзи қиёмат на сарнавишти абадии шахс, балки танҳо “маҳали аниқи ҷойгиршавиаш”, ки абадан дар он ҷой мемонад, тағйир меёбад. Яъне, имондорон дар охир ба осмону замини нав дохил мешаванду (Ваҳй 21:1), беимонон бошанд, саранҷом ба кӯли оташ партофта мешаванд (Ваҳй 20:11-15). Ҷойи ҷамъбасту абадии ҳар як инсон дар асоси он муайян карда мешавад, ки оё вай ба Исои Масеҳ ҳамчун роҳи наҷот бовар кард ё не (Матто 25:46; Юҳанно 3:36).

English



ба сахифаи точики баргардед

Пас аз марг чӣ рӯй медиҳад?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries