settings icon
share icon
Савол

Китоби Муқаддас дар бораи “Се дар як” будани Худо чӣ таълим медиҳад?

Чавоб


Душвории мавзӯи “Се дар як” будани Худо дар он аст, ки ягон роҳи ба таври бояду шояд фаҳмондани ин мавҳум нест. Шарҳ додан як тараф истад, касе ҳатто нест, ки ин мавҳумро пурра дарк карда тавонад. Худо аз мо бениҳоят бузургтар аст, барои ҳамин мо набояд умедвор шавем, ки Ӯро комилан фаҳмида метавонем. Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки Падар Худо аст, Исо Худо аст ва ҳам Рӯҳи Муқаддас Худо аст. Китоби Муқаддас ҳамчунин мегӯяд, ки Худо якто аст. Мо шояд дар бораи муносибати байни Се Шахсияти Худоро каме фаҳмида тавонем, лекин умуман ин мавзӯъ барои тафаккури инсонии мо даркнашаванда аст. Ба ҳар ҳол, ин маъно надорад, ки “Се дар як” будани Худо рост нест, ё бо таълимоти Китоби Муқаддас мувофиқат намекунад.

Маънои “Се дар як” ин се Шахсият дар як Худо аст. Шумо бояд фаҳмед, ки ин ҳаргиз маънои Худо сето буданашро надорад. Ҳангоми дида баромадани ин мавзӯъ дар хотир доред, ки худи ибораи “Се дар як” дар навиштаҷот нест. Ин ибора танҳо барои фаҳмондани се шахсияти Худо, ки ҳар се бо ҳам вуҷуд доранду абадӣ ҳастанд ва як Худоро ташкил медиҳанд, истифода бурда мешавад. Муҳим он аст, ки мавҳуми "Се дар якии Худо" дар Китоби Муқаддас вуҷуд дорад. Дар бораи “Се дар яккии Худо” Каломи Худо чунин мегӯяд:

1) Худо як аст (Такрори Шариат 6:4; 1 Қӯринтиён 8:4; Ғалотиён 3:20; 1 Тимотиюс 2:5)

2) “Се дар яккии Худо” аз се Шахс иборат аст (Ҳастӣ 1:1, 26; 3:22; 11:7; Ишаъё 6:8; 48:16; 61:1; Матто 3:16-17; 28:19; 2 Қӯринтиён 13:14). Дар Ҳастӣ 1:1 Худо бо номи “Элоҳим” омадааст, ки дар забони ибронӣ ин исм дар шакли ҷамъ аст. Дар Ҳастӣ 1:26, 3:22, 11:7 ва Ишаъё 6:8 Худо худро бо ҷонишини “мо” ифода кардааст. Калимаи “Элоҳим” ва ҷонишини “мо” шакли ҷамъ буда, дар забони ибронӣ зиёда аз ду шахсро мефаҳмонад. Гарчанде ин далели равшан дар барои “Се дар яккии” Худо нест, лекин исбот мекунад, ки нисбат ба Худо шакли ҷамъ истифода шудааст. Калимаи ибронии “Элоҳим” бешубҳа нишон медиҳад, ки Худо “Се дар як” аст.

Дар Ишаъё 48:16 ва 61:1 Писар ҳангоми сухан гуфтанаш ба Падар ва Рӯҳи Муқаддас ишора мекунад. Агар мо Ишаъё 61:1 ва Луқо 4:14-19-ро муқоиса кунем, мебинем, ки ин суханони Писар ҳастанд. Дар Матто 3:16-17 дар об таъмид ёфтани Исо тасвир шудааст. Аз ин порча мо дида метавонем, ки Худо Рӯҳи Муқаддас ба Худо Писар фуромад ва Худо Падар эълон кард, ки ин Писари азизаш аст. Дар оятҳои Матто 28:19 ва 2 Қӯринтиён 13:14 мо ҳар се шахсияти Худоро аниқ дида метавонем.

3) Дар матнҳо шахсиятҳои “Се дар якки Худо” аз ҳамдигар фарқ карда мешаванд. Худованд Писар дорад (Забур 2:7, 12; Масалҳо 30:2-4). Рӯҳи Худо аз Худованд дар ояти Ададҳо 27:18 ва аз Худо дар ояти Забур 50:10-12 фарқ мекунад. Худо Писар аз Худо Падар фарқ мекунад (Забур 44:6-7; Ибриён 1:8-9). Дар Аҳди Нав Исо аз Падар хоҳиш мекунад, ки мададгор, яъне Рӯҳи Муқаддасро фиристад (Юҳанно 14:16-17). Ин нишон медиҳад, ки Исо Худ Падар ё Рӯҳи Муқаддас нест. Ҳамчунин дар ҳамаи ҷойҳои дигари Аҳди Нав мо дида метавонем, ки Исо ба Падар сухан мегӯяд. Оё Исо Худ ба Худ гап мезад? Албатта, не. Ӯ ба Падар, яке аз шахсияти “Се дар яки Худо” гап мезад.

4) Ҳар се аъзои “Се дар якки Худо” Худо ҳастанд. Худои Падар аст (Юҳанно 6:27; Румиён 1:7; 1 Петрус 1:2). Худои Писар аст (Юҳанно 1:1, 14; Румиён 9:5; Қӯлассиён 2:9; Ибриён 1:8; 1 Юҳанно 5:20). Ва Худои Рӯҳи Муқаддас аст (Аъмол 5:3-4; 1 Қӯринтиён 3:16).

5) Байни шахсиятҳои “Се дар якки Худо” тобеият ҳаст. Навиштаҷот нишон медиҳад, ки Рӯҳи Муқаддас тобеи Падару Писар ва Писар тобеи Падар аст. Ин муносибати дохилӣ аст ва Худо будани ҳар яки шахсиятҳои “Се дар якки Худо”-ро инкор намекунад. Ин ҳамон соҳаест, ки ақли маҳдуди мо Худои беохирро фаҳмида наметавонад. Дар бораи Худои Писар оятҳои зеринро дида метавонед: Луқо 22:42, Юҳанно 5:36, Юҳанно 20:21 ва 1 Юҳанно 4:14. Дар бораи Рӯҳи Муқаддас ин оятҳоро хонда бароед: Юҳанно 14:16, 14:26, 15:26, 16:7 ва махсусан Юҳанно 16:13-14.

6) Ҳар як шахсияти “Се дар якки Худо” вазифаи гуногун дорад. Падар сарчашма ва сабабгори офариниши тамоми олам (1 Қӯринтиён 8:6; Ваҳй 4:11) ва ошкории илоҳӣ (Ваҳй 1:1), инчунин наҷоту (Юҳанно 3:16-17) корҳои инсонии Исо (Юҳанно 5:17; 14:10) аст. Падар саркунандаи ҳамаи инҳо мебошад.

Писар иҷрокунандаи корҳои ана ин корҳои Падараш аст: таъсис ва нигоҳдории тамоми офариниш (1 Қӯринтиён 8:6; Юҳанно 1:3; Қӯлассиён 1:16-17); ошкории илоҳӣ (Юҳанно 1:1; 16:12-15; Матто 11:27; Ваҳй 1:1) ва наҷот (2 Қӯринтиён 5:19; Матто 1:21; Юҳанно 4:42). Ҳамаи ин корҳои Падар аз тарафи Писараш иҷро карда мешаванд.

Рӯҳи Муқаддас, василаест, ки Падар ба воситааш корҳои зеринро мекунад: таъсис ва нигоҳдории тамоми олам (Ҳастӣ 1:2; Айюб 26:13; Забур 103:30); ошкории илоҳӣ (Юҳанно 16:12-15; Эфсӯсиён 3:5; 2 Петрус 1:21); наҷот (Юҳанно 3:6; Титус 3:5; 1 Петрус 1:2); ва амалҳои Исо (Ишаъё 61:1; Аъмол 10:38). Ҳамаи инро Падар бо қудрати Рӯҳи Муқаддас ба амал меоварад.

Бисёр кӯшишҳо шуда буд, ки “Се дар яккии Худо” бо ягон мисол фаҳмонда шавад. Вале ҳеҷ яке аз ин мисолҳои машҳур сад фоиз дақиқ нестанд. Масалан дар мисоли тухм ё себ тасвир кардаанд. Тухм аз пӯст, сафедӣ ва зардӣ иборат аст, ки онҳо қисмҳои як тухманд ё себ, ки аз пӯст, гӯшту тухми себ иборат аст. Ин се қисмҳои себ ҳастанд, аммо дар алоҳидагӣ худи себ нестанд. Ҳарду ин мисол мувофиқат намекунад, чунки Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас қисмҳои Худо нестанд; ҳар як аз онҳо Худо аст. Дар мисоли об фаҳмондани мавҳум каме беҳтар аст. Вале он ҳам таври бояду шояд “Се дар яккии” Худоро тасвир карда наметавонад. Об шаклҳои моеъ, буғ ва яхро дорад. Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас шаклҳои Худо нестанд, ҳар яке аз онҳо Худо аст. Ин мисолҳо фақат барои камтар фаҳмидани “Се дар якии” Худо ба мо ёрӣ дода метавонанд, лекин мукаммал ҳамашро тасвир намекунанд. Худо, ки аввалу охир надорад, чӣ хел бо як мисоли оддӣ тасвир карда мешавад?

Дар тӯли таърихи калисои масеҳӣ таълимот оид ба “Се дар яккии” Худо як масъалаи душвор буд. Гарчанде ки ҷанбаҳои асосии “Се дар яккии” Худо дар Китоби Муқаддас бараъло маълум ҳастанд, баъзе ҷиҳатҳои ин масъала кушоду равшан нестанд. Худои Падар, Худои Писар ва Худои Рӯҳи Муқаддас ҳастанд, вале Худо якто ҳаст. Ана ин таълимоти асосии Китоби Муқаддас оид ба “Се дар яккии” Худо аст. Албатта, масъалаҳои дигари ин мавзӯъ дар ҳолати баҳс аст. Вале он масъалаҳои дуюмдараҷа ҳастанд. Барои мо беҳтар аст, ки диққатамонро на ба шарҳи пурраи “Се дар яккии” Худо, балки ба дарк кардани бузургӣ ва табиати олии Ӯ ҷалб намоем. «Эй кош, ки зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ! Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк карда бошад? Ё кист, ки мушовири Ӯ шуда бошад?» (Румиён 11:33-34).

English



ба сахифаи точики баргардед

Китоби Муқаддас дар бораи “Се дар як” будани Худо чӣ таълим медиҳад?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries