settings icon
share icon
Савол

Оё Исо роҳи ягона ба осмон аст?

Чавоб


Бале, Исо роҳи ягона ба осмон аст. Чунин баёноти истисноӣ ба гӯшҳо ҷарангос мезананд, вале ба ҳар ҳол ин ҳақиқат аст. Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки ба ғайр аз Исои Масеҳ ҳеҷ роҳи дигари наҷот нест. Дар Юҳанно 14:6 Исо худ гуфтааст: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас пеши Падар намеояд, магар ин ки фақат ба воситаи Ман». Вай яке аз роҳҳо нест. Ӯ роҳ аст ва роҳи ягона аст. Ҳеҷ кас бо шӯҳрат, дастовардҳо, дониш ва ё парҳезгории худ ба назди Падар омада наметавонад. Мо танҳо ба воситаи Исо ба назди Падар омада метавонем.

Исо бо чанд сабаб роҳи ягона ба осмон аст. Ӯро Худо барои Наҷотдиҳанда шудан интихоб карда буд (1 Петрус 2:4). Исо ягона касест, ки аз осмон омада, боз ба он ҷо баргаштааст (Юҳанно 3:13). Ӯ ягона шахсест, ки бо ҳаёти комили инсонӣ зиндагӣ кардааст (Ибриён 4:15). Танҳо Ӯ барои гуноҳ қурбонӣ шудааст (1 Юҳанно 2:2; Ибриён 10:26). Танҳо Ӯ тамоми Тавротро риоя карда, пешгӯйиҳои пайғомбаронро иҷро кардааст (Матто 5:17). Ӯ ягона шахсест, ки бар магр ғолиб шудааст (Ибриён 2:14-15). Ӯ ягона Миёнарави байни Худо ва инсон аст (1 Тимотиюс 2:5). Ӯ танҳо касест, ки Худо “сарфарозаш кард. . . ва ба мавқеи баландтарин гузошт” (Филиппиён 2:9).

Исо ба ғайр аз ояти Юҳанно 14:6 дар ҷойҳои дигари навиштаҷот низ Худро роҳи ягона ба осмон гуфтааст. Дар Матто 7:21-27 Исо Худро ҳамчун объекти имон шиносондааст. Ӯ мегӯяд, ки суханони Ӯ ҳаёт ҳастанд (Юҳанно 6:63). Ӯ ваъда додааст, ки касони ба Ӯ имон оварда ҳаёти абадӣ доранд (Юҳанно 3:14-15). Ӯ ба гӯсфандон дарвоза аст (Юҳанно 10:7); Ӯ нони ҳаёт (Юҳанно 6:35) ва зиндашавӣ аст (Юҳанно 11:25). Ҳеҷ каси дигар ҳақиқатан ин унвонҳоро ба худ гирифта наметавонад.

Маркази таълимоти шогирдони Исо ин марг ва зиндашавии Худованд Исо буд. Петрус ба сардорон ва пирони қавм кушоду равшан эълон кард, ки Исо роҳи ягона ба осмон аст: “Дар ҳеҷ каси дигаре наҷот нест ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре барои одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем” (Аъмол 4:12). Наҷотдиҳандаи ягона будани Исоро Павлус дар куништи Антиёхия гуфта буд: “Эй бародарон, ба шумо маълум буд, ки ба воситаи Ӯ ба шумо омурзиши гуноҳҳо эълон мешавад. Ба воситаи Ӯ ҳама он касе ба Ӯ бовар мекунанд, аз ҳар гуноҳашон сафед мешаванд” (Аъмол 13:38-39). Юҳанно ба калисои калон нома навишта гуфта буд, ки асоси бахшиши гуноҳи мо ба воситаи номи Исои Масеҳ аст: “Ба шумо, эй фарзандон, менависам, чунки гуноҳҳои шумо ба хотири номи Ӯ бахшида шудаанд” (1 Юҳанно 2:12). Ғайр аз Исои Масеҳ каси дигар гуноҳро бахшида наметавонад.

Дар яке аз мавридҳои таълим додани Исо, мардуми зиёд аз Ӯ рӯй гардонда, аз пешаш рафтанд ва умед карданд, ки Наҷотдиҳандаи дигарро меёбанд. Исо аз дувоздаҳ шогирдаш пурсид: “Шояд шумо ҳам рафтанӣ ҳастед?” (Юҳанно 6:67). Петрус ҷавоби комилан дуруст дод: “Эй Худованд, мо ба назди кӣ меравем? Суханони ҳаёти абадӣ аз они Туанд. Мо имон овардем ва фаҳмидем, ки Ту Шахси Муқаддаси Худо ҳастӣ” (Юҳанно 6:68-69). Бигзор ҳамаи мо имони Петрусро дошта бошем. Петрус боварӣ дошт, ки ҳаёти абадӣ танҳо дар Исои Масеҳ аст.

Оё Шумо нисбат ба Исо пас аз хондани маълумоти дар ин чо овардашуда карор кардед? Агар хамин тавр бошад, хохиш мекунем тугмачаи "Ман Исоро имруз кабул кардам"-ро пахш кунед.

English



ба сахифаи точики баргардед

Оё Исо роҳи ягона ба осмон аст?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries