settings icon
share icon
Савол

Рӯҳи Муқаддас кӣ аст?

Чавоб


Дар бораи шахсияти Рӯҳи Муқаддас зиёд тасаввуроти нодуруст вуҷуд доранд. Баъзеҳо Рӯҳи Муқаддасро ҳамчун як қувваи сеҳрнок меҳисобанд. Дигарон бошанд, Рӯҳи Муқаддасро ҳамчун қудрати ғайришахсӣ, ки Худо барои пайравони Масеҳ додааст, мефаҳманд. Лекин худи Китоби Муқаддас дар бораи шахсияти Рӯҳи Муқаддас чӣ мегӯяд? Оддӣ карда гӯем, дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Рӯҳи Муқаддас Худо аст. Инчунин дар Китоби Муқаддас дар бораи Рӯҳи Муқаддас омадааст, Ӯ шахси илоҳӣ буда, ақл, ҳиссиёт ва иродаи Худро дорад.

Худо будани Рӯҳи Муқаддасро мо дар бисёр ҷои Навиштаҷот аниқ дида метавонем. Ана масалан дар Аъмол 5:3-4 Петрус ба Ҳанониё дурӯғашро фош карда, мепурсад, ки чаро ба Рӯҳи Муқаддас дурӯғ гуфт ва баъд мегӯяд, ки “ту ба одамон не, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ”. Ин аниқ нишон медиҳад, ки ба Рӯҳи Муқаддас дурӯғ гуфтан, ин ба Худо дурӯғ гуфтан аст. Худо будани Рӯҳи Муқаддасро мо боз аз он фаҳмида метавонем, ки Вай хусусиятҳои Худоро дорад. Масалан, Ӯ дар ҳама ҷой вуҷуд дорад (Забур 138:7-8) “Аз Рӯҳи Ту куҷо равам? Ва аз пеши рӯйи Ту куҷо гурезам? Агар ба осмон бароям, он ҷо Ту ҳастӣ ва агар дар гӯр бистар андозам, он ҷо низ Ту ҳастӣ”. Дар 1 Қӯринтиён 2:10-11 бошад, мо ҳамон хусусияти Худоро, ки Ӯ аз ҳама чиз бохабар аст ва ҳама чизро медонад, дар Рӯҳи Муқаддас мебинем: “Вале Худо онро ба мо ба воситаи Рӯҳи Худ ошкор сохтааст, зеро ки Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро пай мебарад. Зеро кист аз одамон, ки ботини инсонро бидонад, ба ҷуз рӯҳи инсон, ки дар ӯст? Ҳамчунин он чиро, ки дар Худо ҳаст, ҳеҷ кас намедонад, ба ҷуз Рӯҳи Худо”.

Мо аз ин фаҳмида метавонем, ки Рӯҳи Муқаддас дар ҳақиқат шахси илоҳист, чунки Ӯ ақл, ҳиссиёт ва иродаи Худро дорад. Рӯҳи Муқаддас фикр мекунад ва медонад (1 Қӯринтиён 2:10). Рӯҳи Муқаддас ғамгин мешавад (Эфсӯсиён 4:30). Рӯҳи Муқаддас барои мо шафоат мекунад (Румиён 8:26-27). Ӯ мувофиқи иродаи Худ қарор қабул мекунад (1 Қӯринтиён 12:7-11). Рӯҳи Муқаддас Худо аст, ки шахси сеюми Худои Седаряк мебошад. Рӯҳи Муқаддас Худо аст, ки дар ҳақиқат мувоффиқи ваъдаи Исо хизмати Пуштибон ва Маслиҳатчиро нисбати мо мекунад (Юҳанно 14:16, 26; 15:26).

English



ба сахифаи точики баргардед

Рӯҳи Муқаддас кӣ аст?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries