Масеҳият чист ва масеҳиён ба чӣ бовар мекунанд?



Савол: Масеҳият чист ва масеҳиён ба чӣ бовар мекунанд?

Чавоб:
1 Қӯринтиён 15:1-4 мегӯяд: “Акнун, эй бародарон, ман ба шумо Инҷилро хотиррасон мекунам, ки онро ба шумо башорат додаам, ва шумо онро қабул кардаед, ва дар он устувор ҳастед. Дар он наҷот меёбед, ба шарте ки он чиро, ки ба шумо башорат додам, риоя кунед. Вагарна шумо беҳуда имон овардед. Зеро ки дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супоридаам, ки яъне Масеҳ мувофиқи навиштаҳо, барои гуноҳҳои мо мурд, дафн карда шуд ва мувофиқи навиштаҳо, дар рӯзи сеюм зинда шуд”.

Ана ҳамин мағзи динни масеҳият аст. Баръакси динҳои дигар масеҳият на ба расму оинҳо, балки ба муносибат аҳамият медиҳад. Яъне ба ҷои риоя кардани чӣ раво ва чӣ нораво аст, барои масеҳӣ муҳим аст, ки бо Худои Падар наздик шуда, бо Ӯ муносибат кунад. Барои сохтани ин муносибат бо Худо ба масеҳӣ он қурбоние, ки Исои Масеҳ кардааст, ва таъсири Рӯҳи Худо дар ҳаёташ, имкон медиҳад.

Масеҳиён бовар мекунанд, ки Китоби Муқаддас аз рӯи илҳоми илоҳӣ навишта шуда, бешубҳа Каломи Худост ва таълимоти он болотар аз ҳамаи таълимотҳои дигар меистад (2 Тимотиюс 3:16; 2 Петрус 1:20-21). Масеҳиён ба як Худо, ки дорои се шахсият аст: Падар, Писар (Исои Масеҳ) ва Рӯҳи Муқаддас, бовар мекунанд.

Масеҳиён инчунин бовар мекунанд, ки инсон асосан барои муносибат доштан бо Худо офарида шудааст. Аммо аз барои гуноҳ ҳамаи одамон аз Худо ҷудо шуданд (Румиён 3:23; 5:12). Таълими масеҳият мегӯяд, ки Исои Масеҳ дар ҳаёти заминиаш ҳам пурра Худо ва ҳам пурра одамизод буд (Филиппиён 2:6-11). Ӯ дар рӯйи салиб мурда, баъд дафн карда шуд ва аз нав зинда шуд. Ҳоло бошад, Ӯ аз дасти рости Падар нишастааст ва то абад ба хотири ҳамаи имондорон шафоат мекунад (яъне барои беҳбудиашон онҳоро тарафторӣ мекунад) (Ибриён 7:25). Масеҳият эълон мекунад, ки марги Исо дар рӯйи салиб товони нархи гуноҳи тамоми одамизод буд. Инак, он муносибати одамизод бо Худо, ки вайрон шуда буд, ба воситаи Исои Масеҳ аз нав барқарор гардид (Ибриён 9:11-14; 10:10; Румиён 5:8; 6:23).

Касе, ки наҷот ёфтан мехоҳад, барояш лозим аст, ки ба Исо бовар кунад. Яъне бовар кунед, ки Масеҳ ба ҷои ҳар як инсон мурд, нархи гуноҳҳои ӯро супорид ва аз нав зинда шуд. Ҳеҷ кас бо иҷрои шариат наҷот ёфта наметавонад. Ҳеҷ кас бо корҳои “савобаш” ба Худо маъқул намешавад, чунки ҳама гунаҳкор аст (Ишаъё 53:6, 64:6-7). Барои мо иҷрои шариат ё ягон кор лозим нест, чунки Масеҳ тамоми шариатро ба ҷои мо иҷро карда нархи гуноҳро супорид! Пеш аз ҷон доданаш Исо дар рӯйи салиб: “Иҷро шуд!” (Юҳанно 19:30).

Азбаски наҷот дар асоси амали Масеҳ дода мешавад, касе онро на харида метавонаду на аз даст дода метавонад. Масеҳ тамоми корро ба анҷом расонд! Наҷот умуман аз каси наҷотро қабул мекарда ҳеҷ вобастагӣ надорад. Юҳанно 10:27-29 мегӯяд: “Гӯсфандони Ман овози Маро мешунаванд. Ман онҳоро мешиносам ва онҳо аз паси Ман меоянд. Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшам ва онҳо ҳаргиз нобуд намешаванд ва касе наметавонад онҳоро аз дасти Ман бирабояд. Падари Ман, ки онҳоро ба Ман бахшидааст, аз ҳама бузургтар аст ва ҳеҷ кас онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирифта наметавонад”.

Шояд баъзеҳо фикр мекунанд, ки: “Чӣ хел зӯр! Наҷот ёфта, хости диламро мекунам. Охир наҷотамро аз даст намедиҳам”. Лекин наҷот ёфтан маънои онро надорад, ки акнун одам хости дилашро кардан мегирад. Наҷот маънои онро дорад, ки шахс аз табиати кӯҳнаи гунаҳкорияш озод шуда, муносибати дуруст бо Худо пайдо мекунад. Замоне буд, ки бандагони гуноҳ будем, акнун мо ғуломи Масеҳ ҳастем (Румиён 6:15-22). Масеҳиён то охири умр бар зидди гуноҳ мубориза мебаранд, чунки дар тани гунаҳкорона зиндагӣ мекунанд. Вале ба воситаи омӯхтани каломи Худо (Китоби Муқаддас) ва инчунин бо қудрати Рӯҳи Муқаддас, ки ба итоат ва иҷро кардани каломи Худо ёрӣ медиҳад, онҳо бар гуноҳ дастболо шуда метавонанд.

Хулоса, бисёр динҳои дигар риояи қонунҳои муайянро талаб мекунанд. Дар Масеҳият бошад талабот ба Масеҳ бовар кардан аст. Ва ин боварӣ ба он аст, ки Масеҳ дар рӯйи салиб барои супоридани нархи гуноҳҳои шумо мурд ва баъд аз нав зинда шуд. Акнун шумо қарздори гуноҳ нестед ва метавонед бо Худо муносибат дошта бошед. Шумо бар табиати гуноҳкории худ ғолиб шуда ва бо Худо муносибат дошта, ба Ӯ итоат карда метавонед. Масеҳиятӣ ҳақиқие, ки дар борааш Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ана аз ҳамин иборат аст.



ба сахифаи точики баргардед



Масеҳият чист ва масеҳиён ба чӣ бовар мекунанд?