Китоби Муқаддас дар бораи даҳяк чӣ мегӯяд?



Савол: Китоби Муқаддас дар бораи даҳяк чӣ мегӯяд?

Чавоб:
Барои бисёр масеҳиён масъалаи даҳяк як муаммои душвор аст. Баъзе калисоҳо ба ин мавзӯъ аҳамияти хеле ҷиддӣ медиҳанд. Дигар қисми калони масеҳиён дар навбати худ гуфтаҳои Китоби Муқаддасро дар бораи додани ҳадяи пулӣ ба Худованд қабул намекунанд. Даҳяк ё ҳадия додан ин як хурсандӣ ва баракат аст. Афсӯс, ки дар калисоҳои имрӯза чунин ҳолат на на ҳама вақт дида мешавад.

Даҳяк додан ин фарзи Аҳди Қадим буд. Аз рӯйи шариат исроилиён 10 фоиз фоидаи ҳосили кишт ё афзоиши чорвояшонро бояд ба маъбад меоварданд (Ибодат 27:30, Ададҳо 18:26; Такрори Шариат 14:24; 2 Вақоеънома 31:5). Дар асл, шариати Аҳди Қадим даҳяки бисёркаратаро талаб мекард; яке барои левизодагон, дигаре барои маъбаду ҷашнгириҳо ва як қисми дигаре барои камбағалон, ки қариб 23.3 фоизро ташкил медоданд. Баъзеҳо даҳякро ҳамчун андоз мефаҳманд, ки барои талаботҳои коҳинон ва левизодагон истифода мешуд, чунки хизмати онҳо дар маъбад қурбонӣ ба Худо овардан буд.

Дар Аҳди Нав умуман дар бораи додани даҳяк ягон фармоне нест. Ҳатто тавсия нашудааст, ки масеҳиён қонун қоидаҳои даҳяк доданро иҷро кунанд. Дар Аҳди Нав гуфта нашудааст, ки чанд фоизи даромад барои Худованд пасандоз карда шавад. Аммо гуфта шудааст, ки ҳадияҳо бояд “мувофиқи даромад” бошанд (1 Қӯринтиён 16:2). Баъзе калисоҳо ҳамон даҳяки 10 фоизаи Аҳди Қадимро ба назар гирифта, ба масеҳиён тавсия медиҳанд, ки дар ҳудуди ҳамин миқдор даҳяк супоранд.

Дар Аҳди Нав дар бораи аҳамият ва фоидаи ҳадия додан гуфта шудааст. Мо бояд ҳамон қадар ки метавонем, диҳем. Баъзан аз 10 фоиз зиёдтар баъзан камтар дода метавонем. Ин аз қобилияти масеҳӣ ва аз талаботи бадани Масеҳ, яъне калисо вобаста аст. Вақте ки гап сари ҳадия меояд, ҳар як масеҳӣ бояд худаш бо ҷидду ҷаҳд дуо кунаду аз Худо маслиҳат пурсад, ки чӣ қадар бояд диҳад (Яъқуб 1:5). Пеш аз ҳама, тамоми ҳадия бояд бо нияти пок ва бо мақсади парастиши Худо, барои ёрӣ ба калисои Масеҳ, ки бадани Ӯст, дода шавад. “Бигзор ҳар кас бо дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на бо таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад” (2 Қӯринтиён 9:7).



ба сахифаи точики баргардед



Китоби Муқаддас дар бораи даҳяк чӣ мегӯяд?