settings icon
share icon
Савол

Аҳамияти таъмиди масеҳӣ?

Чавоб


Таъмиди масеҳӣ яке аз ду фарзест, ки Исо барои калисо гузоштааст. Исо пеш аз ба осмон рафтан ба шогирдонаш гуфт: “Пас равед ва ҳамаи халқҳои рӯи заминро ба Ман шогирд созед: онҳоро дар номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас таъмид диҳед ва иҷро кардани ҳама чизеро, ки ба шумо фармудаам, ёд диҳед. Инак, Ман ҳамеша то охири замон бо шумо мемонам” (Матто 28:19-20). Аз рӯйи ин дастур ба калисо масъулият дода шудаст, ки ба дигарон суханони Исоро таълим дода, онҳоро шогирд созанду таъмид диҳанд. Ин гуфтаҳои Исо то расидани охири замон бо “ҳамаи халқҳо” бояд иҷро шавад. Агар ягон сабаби дигар намебуд, ҳамин фармони Исо кофӣ аст, ки муҳим будани таъмид ёфтанро нишон медиҳад.

Маросими таъмид пеш аз таъсис ёфтани калисо низ вуҷуд дошт. Дар замони қадим яҳудиён онҳоеро, ки аз халқҳои дигар ба дини онҳо мегузаштанд, таъмид медоданд. Ин маросими ҳамчун рамзи он буд, ки даруни одам “пок” шуд. Яҳёи Таъмиддиҳанда бо таъмид додани одамон барои Худованд роҳ тайёр мекард. Вай талаб мекард, ки ҳама, аз он ҷумла яҳудиён низ бояд таъмид гиранд, чунки ба ҳама тавба кардан зарур аст. Гарчанде таъмиде, ки Яҳё медод, маънои тавбаро дошт, он ба монанди таъмиди масеҳӣ набуд. Инро мо аз Аъмол 18:24-26 ва 19:1-7 дида метавонем. Таъмиди масеҳӣ маънои чуқуртар дорад.

Барои таъмиди масеҳӣ бояд дар номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас таъмид дод. Ба воситаи таъмид ба шахс иҷозат дода мешавад, ки узви калисо шавад. Дар вақти наҷот ёфтанамон мо бо Рӯҳи Худо ба бадани Масеҳ, ки он калисо аст, “таъмид” меёбем. 1 Қӯринтиён 12:13 мегӯяд: “Зеро ки ҳамаи мо хоҳ яҳудиён, хоҳ юнониён, хоҳ ғуломон, хоҳ озодон бар тибқи як Рӯҳ дар як бадан таъмид ёфтаем ва ҳама аз як Рӯҳ нӯшидаем”. Таъмид бо об ин “зоҳиран” нишон додани он таъмиде, ки бо Рӯҳ гирифта шуда буд.

Вақте ки масеҳӣ таъмид мегирад, вай бо ин кораш ошкоро дар бораи имонаш ва шогирди Исо шуданаш эълон мекунад. Ҳангоми таъмид ёфтанаш масеҳӣ бо овози баланд мегӯяд: “Ман эътироф мекунам, ки ба Исо имон оварданаам; Исо ҷони маро аз гуноҳ пок кардааст ва ман ҳоло ҳаёти наву муқаддас дорам”.

Таъмиди масеҳӣ кушоду равшан марг, дафн ва зиндашавии Исои Масеҳро тасвир мекунад. Таъмид ичунин нишон медиҳад, ки мо барои гуноҳ мурдаем ва ҳаёти нав дар Исои Масеҳ дорем. Вақте ки гуноҳкор Масеҳро Худованди худ эътироф мекунад, ӯ барои гуноҳ кардан мемирад (Румиён 6:11) ва ба ҳаёти тамоман нав зинда мешавад (Қӯлассиён 2:12). Ба об ғӯтта задан ин рамзи мурдан барои гуноҳ аст; аз об баромадан рамзи пок шудан ва ҳаёти муқаддас ба даст овардан аст. Румиён 6: 4 чунин мефаҳмонад: “Пас мо дар мамоташ таъмид ёфта, бо Ӯ дафн шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон зинда шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем”.

Агар оддӣ карда гӯем, таъмид ин шаҳодати зоҳирӣ дар бораи тағйироте, ки дар даруни одами имоноварда рӯй додааст. Бо таъмид гирифтан масеҳӣ ба Худованд итоаткор буданашро нишон медиҳад. Ҳарчанд ки таъмид бо наҷот вобаста аст, лекин барои наҷот ёфтан ҳатман таъмид ёфтан шарт нест. Дар бисёр порчаҳои Китоби Муқаддас чунин тартиб омадааст: 1) шахс ба Худованд Исои Масеҳ имон меоварад ва 2) ӯ таъмид меёбад. Ин тартибот дар Аъмол 2:41 дида мешавад, “Пас онҳое, ки каломи ӯро [Петрус дар назар дошта шудааст] бо рағбат қабул карданд, таъмид гирифтанд” (Ҳамчунин нигаред ба Аъмол 16:14-15).

Онҳое, ки ба Исои Масеҳ нав имон меоваранд бояд хоҳиши зуд таъмид гирифтанро дошта бошанд. Дар Аъмол боби 8 Филиппус ба хоҷасарои ҳабашӣ дар бораи Исо хабари хушро расонд ва дар роҳ онҳо ба ҷои обдоре расиданд, ки хоҷасаро гуфт: “Инак об; ба таъмид гирифтанам чӣ чизе монеъ мешавад?” (оятҳои 35-36). Ҳамон замон, онҳо аробаро боздоштанд ва Филиппус он мардро таъмид дод.

Таъмид нишон медиҳад, ки имондорон бо марг, дафн ва зиндашавии Масеҳ як мешаванд. Дар ҳама ҷо Хушхабари Исо эълон карда мешавад ва касоне, ки ба Масеҳ имон меоваранд, инчунин таъмид мегиранд.

English



ба сахифаи точики баргардед

Аҳамияти таъмиди масеҳӣ?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries