Зани Қоин кӣ буд? Оё зани Қоин хоҳараш буд?



Савол: Зани Қоин кӣ буд? Оё зани Қоин хоҳараш буд?

Чавоб:
Дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта нашудааст, ки зани Қоин кӣ буд. Шояд хоҳараш ё ҷиянаш, ё ҷияни ҷиянаш ва ғайра буд. Инчунин дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Қоин Ҳобилро дар чанд солагиаш куштааст (Ҳастӣ 4:8). Азбаски онҳо яке чӯпону дигаре деҳқон буданд, эҳтимолан онҳо калонсол ва соҳиби оила буданд. Вақте ки Қоин Ҳобилро кушт, ҷои шубҳа нест, ки Одаму Ҳавво ба ғайр аз вай фарзандони дигар низ доштанд. Инчунин бешубҳа минбаъд ҳам онҳо соҳиби фарзандони зиёд шуданд (Ҳастӣ 5:4). Охир баъд аз куштани Ҳобил, Қоинро тарсу ваҳм зер карда, буд, ки аз вай қасос мегиранд (Ҳастӣ 4:14), пас мо эҳтимол дошта метавонем, ки аллакай дар ҳамон вақт бисёр фарзандони дигар ва шояд ҳатто наберагони Одаму Ҳавво зиндагӣ мекарданд. Зани Қоин духтар ё набераи Одаму Ҳавво буд (Ҳастӣ 4:17).

Азбаски Одаму Ҳавво инсони аввалин буданд, фарзандони онҳо маҷбур буданд, ки бо якдигар издивоҷ кунанд. Он вақт Худо ба издивоҷи дохили оила иҷозат дода буд, вале вақте ки одамон дар рӯйи замин паҳн шуданд издивоҷи дохили оила аллакай лозим набуд (Ибодат 18:6-18). Имрӯз агар хешони наздик издивоҷ кунанд, аксар вақт кӯдакони онҳо бо нуқсонҳои генетикӣ таваллуд мешаванд. Вақте ки ду генетикаи бо ҳам монанд (бародар ва хоҳар) як мешаванд, кўдакони онҳо хатари баланди вайроншавии генетикиро доранд. Барои ҳамин вақте ки одамон аз оилаҳои гуногун издивоҷ карда, фарзанддор мешаванд, хатари ин гуна касалиҳо кам мешавад. Коди генетикии инсон дар тӯли садсолаҳо хеле зиёд “олуда” шудааст, барои ҳамин камбудиҳои генетикӣ афзун ва қавитар шуда, насл ба насл сустар мешавад. Дар муқоиса, Одаму Ҳавво назар ба одамони ҳозир замон ягон нуқсонҳои генетикӣ надоштанд ва аз ин сабаб онҳо ва насли аввалаи онҳо имкон доштанд, ки насли саломатро ба дунё оваранд. Эҳтимол, фарзандони Одаму Ҳавво низ камбудиҳои генетикӣ хеле кам ё тамоман надоштанд. Барои ҳамин издивоҷи дохили оила барои онҳо хавфе надошт.



ба сахифаи точики баргардед



Зани Қоин кӣ буд? Оё зани Қоин хоҳараш буд?